Экстремизми сиёсӣ ва хатари он ба ҷомеаи муосир

Экстремизми сиёсӣ ва хатари он ба ҷомеаи муосир

Санаи 11-уми март соли ҷорӣ дар кафедраи физиологияи патологӣ бо иштироки омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни гурӯҳҳои 23, 24, 27 ва 28 курси сеюми факултаи тиббӣ ва гурӯҳҳои 1 ва 2 факултаи педиатрӣ ҷамъомад дар мавзӯи “Экстремизми сиёсӣ ва хатари он ба ҷомеаи муосир” баргузор гардид. Дар ҷамъомад донишҷӯён баромад намуда, дар баромади худ аз ҷумла чунин қайд кардаданд: Дар замони мо, ҷомеаи муосир бинобар модернизатсия дар ҳаёти ҷамъиятӣ дигаргуниҳои системаи арзиширо аз сар мегузаронад. Равандҳои ҷаҳонишавӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ, ки аҳолии кишварҳоро ба ҷараёнҳои мухталифи табиат ва сатҳҳои гуногун ҷалб мекунанд, робитаҳои сохтории ҷомеаҳои мушаххас ва умуман ҷомеаро мушкилтар мекунанд. Ин омилҳо то андозае шиддатро дар муносибатҳои байни миллатҳо, ки бо низоъҳои қавмӣ ҳамроҳ мешаванд, ба вуҷуд меоранд ва дар ин асос гурӯҳҳои мухталифи оппозитсионӣ пайдо мешаванд, ки тавассути экстремизм ва терроризм натиҷаи дилхоҳро ба даст меоранд.

Барои бомуваффақият муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҷомеа зарур аст, ки моҳияти ҷиноятии ин зуҳуротро донад ва дарк кунад. 

Мудири кафедра   н.и.т., дотсент - Тоштемирова М.З.

Мутассадӣ оид ба корҳои тарбиявӣ - Назариён Н.

12.03.2021     319

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php