Фаъолияти таълимӣ


Кафедраи физиологияи патологӣ  машғулиятҳои амалӣ ва лексиониро дар семестрҳои панҷум ва шашум барои донишҷӯёни курси 3-юми факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ, стоматологӣ, донишҷӯёни хориҷӣ (бакалаврҳо), дар семестри панҷум ба донишҷӯёни курси 3-юм факултети фарматсевтӣ ва дар семестри шашум донишҷӯёни курси 3-юм факултети нигоҳдории тандурустӣ аз рӯи системаи кредитӣ мегузаронад. Мақсади асосии омӯзиши физиологияи патологӣ – ин дар донишҷӯён ташаккул ёфтани мафҳумҳои асосӣ дар бораи нозологияи умумӣ, ҷараёнҳои хос ва ҳолатҳои патологӣ, тафаккури духтурӣ ва малакаҳои коммуникативӣ мебошад. Дар кафедра хондани лексияҳо ва машғулиятҳои амалӣ бо се забон мегузаранд: давлатӣ, руссӣ ва англисӣ. Мувофиқи нақшаи таълим донишҷӯён тестҳои ҷамъбастиро (рейтинг) ва дар охири соли таҳсил – имтиҳонро дар Маркази ягонаи тестӣ месупоранд.


Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php