Олимпиада бахшида ба озмуни “Илм –фурӯғи маърифат”

Олимпиада бахшида ба озмуни “Илм –фурӯғи маърифат”

      Дар кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсионӣ даври аввали олимпиадаи фаннӣ аз фанҳои физика, математика ва информатика шуда гузашт.

      Дар даври аввали олимпиада 34 нафар довталабон иштирок карданд, ки аз фанни физика Шарифова Хосиятҷон аз гурӯҳи 38, сазовори ҷойи аввал, Ҳасанзода Азимҷон аз гурӯҳи 28 бо 34,5 хол сазовори ҷойи дуюм ва Ахмедов Абдурасул аз гурӯҳи 5-стоматологӣ бо 34 хол ҷойи сеюмро сазовор гашта, аз фанни математика Мусоев Нуриддин, донишҷӯи гурӯҳи 18 бо 49 хол ҷойи якум, Давлатов Нурхон аз гурӯҳи 5- стоматологӣ бо 40 хол ҷойи дуюм ва ҷойи сеюм бо 35 хол насиби Мирзоев Меҳриддин аз гурӯҳи 18 гардид. Аз фанни информатика бошад толибилми гурӯҳи 56 Мирсалимов Раҳмонбек бо 43 хол ва Ҳамраев Мавлонҷон аз гурӯҳи 33 бо 39 хол ғолиб омаданд.

Дар фарҷом мудири кафедра профессор Шерматов Д.С. барои ба даст овардани ҷойҳои сазовор донишҷӯёнеро, ки аз ӯҳдаи ҳалли масъалаҳои физика, математика, ва информатика баромаданд, муборакбод гуфтанд.

 

Мудири кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технология иинформатсионӣ профессор Шерматов Д.С.

Мутасадӣ, саркуратор Муратова Ч.Ҷ.

07.04.2021     369

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php