НАВБАТДОРӢ ДАР ХОБГОҲИ №6

Омӯзгорони кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсионӣ ассистент Муҳаммади Бобо ва Маҳмадалиев М.М. дар хобгоҳи №6 аз соати 20:00 то соати 22:00 навбатдор буда, хобгоҳи донишҷуёнро мавриди санҷиш қарор доданд.

Дар рафти навбатдорӣ аз толори хониши дониҷӯён, ҳуҷраҳои зисти писарон ва духтарон, ошхона ва ҳаммом дидан намуда, аз шарту шароити зисти донишҷӯён назорат карданд. Дар рафти навбатдорӣ мушоҳида карда шуд, ки донишҷӯён дар утоқҳояшон ба мутолиа кардани китоб ва ба тайёрии вазифаҳои додашуда машғул будаанд. Зимни суҳбат бо донишҷуён дар бобати вазъи кунинии ҷаҳон, бемории COVID-19 ва роҳҳои пешгирӣ аз ин беморӣ маслиҳатҳо дода шуд.

“Дар рафти навбатдорӣ ҳама донишҷуён дар ҳуҷраҳои худ қарор доштанд. Назоратро аз ошёнаи якуми хобгоҳ шуруъ карда, дар аввал аз толори хониш дидан кардем, ки он ҷой донишҷуён бо ниқобҳои тиббӣ фосилаи иҷтимоиро риоя намуда менишастанд. Баъдан аз ошхона ва аз ҳаммоми донишҷуён дидан кардем, ки вазъи санитарӣ ва гигиенӣ дар ҳолати миёна қарор дошт. Сипас аз ҳуҷраҳои писарон ва духтарон ба ҳолати санитарӣ, тоза нигаҳдории ҳуҷраҳо назорат карда шуд, ки тозагии ҳуҷраҳои дар вазъи хуб қарор дошт. Бо донишҷӯён оиди тозагии ҳуҷраҳо маслиҳатҳо дода шуд. Хулоса, дар рафти навбатдорӣ мушоҳида карда шуд, ки донишҷӯён дар толори хониш ба хондани китобҳо машғул буданд ва ба онҳо маслиҳатҳо оиди пешгирии аз бемории COVID-19, роҳҳои муҳофизат аз ин бемории бори дигар тавсияҳо дода шуд.”   

асс. кафедра  -  Муҳаммади Бобо

асс. кафедра  -  Маҳмадилиев М.М.

02.03.2021     382

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php