Илҳом аз Паём

Илҳом аз Паём

Дар кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи иттилоотӣ дар гурӯҳи 2-и тиббӣ, ки таҳти сарпарастии Муратова Чинигул Ҷумаевна қарор дорад, дарси тарбиявӣ таҳти унвонии “Илҳом аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Омӯзгор Муратова Ч.Ҷ ба дарси тарбиявӣ бо чунин суханон оғоз бахшид:

-Паёми имсолаи Президенти кишвар аслан бо дарназардошти таҳаввулоти ҷаҳони муосир, махсусан таъсири буҳрони ҷаҳонӣ баён гардида, омодагии кишвар барои бартараф кардани оқибатҳои он ва таъмини рушди минбаъдаи соҳаҳои ҳаётан муҳимми мамлакатро муаррифӣ менамояд.

Сипас донишҷӯи гурӯҳи 2 Одиназода Р. ва Ҳотамов А. баромад карданд:

-Дар паёми имсола масъалаи рушди маориф, ки яке аз самтҳои асосии сиёсати мамлакат ба ҳисоб меравад, баррасӣ гардида, дар мавриди беҳтар намудани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва бо таври ҷиддӣ роҳандозӣ намудани таълими забонҳои хориҷӣ ва технологияи компютерӣ бамаврид қайд карда шуд.

Сулаймонзода М. ва дигар донишҷӯён дар баромади худ оид ба нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат суханронӣ карда, баҳри сарбаландона иҷро намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат ваъда доданд, ки донишгоҳро ба сари баланд хатм намуда, ба халқу Ватан хизмати софдилона мекунанд.

Дар охир омӯзгор Муратова ба донишҷӯёни гурӯҳ барои пеш гирифтани сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ва ҳалли масъалаҳои дар Паём ироагардида, ки кафили зиндагии шоистаи мардуми шарифи Тоҷикистон мебошанд, маслиҳатҳои муфид дод.   

Мудири кафедра, профессор  -  Шерматов Д.С.

Мутасаддӣ, саркуратор  -  Муратова Ч.Ҷ.

02.03.2021     361

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php