иди байналмиллалии “Наврӯз”

иди байналмиллалии “Наврӯз”

Дар санаи 20-марти соли 2021 дар кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи иттилоотӣ дар гурӯҳҳои 2 ва 7-и тиббӣ, ки таҳти сарпарастии Муратова Чинигул ва Сироҷиддинов Мунисҷон қарор дорад, чорабинии идона бахшида ба ҷашни “Наврӯз”-и оламафрӯз баргузор гардид.

Дар чорабинӣ мудири кафедра профессор Шерматов Д.С ва ҳамаи омӯзгорони кафедра иштирок карданд. Сараввал мудири кафедра ҳамаи омӯзгорон ва донишҷӯёнро ба ин иди саид, ки бо ибтикори сарвари давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмиллалӣ гирифт, табрику таҳният гуфт.

Баъдан донишҷӯёни гурӯҳи 7-и тиббӣ баромад карда, дар бораи пайдоиши ҷашни “Наврӯз” маълумот дода, пасон аз адабиёти классикӣ шеърҳо гуфтанд.

Донишҷӯёни гурӯҳи 7-и тиббӣ Худойдодзода Лутфулло ва Тоҷиддинзода Омина

Ва дигар донишҷӯёни гурӯҳ суханҳои табрикӣ гуфтанд.

Дар идома Айёмбекова Ирода бо рақси бадахшонии худ табъи ҳозиринро болида гардонид.

Дар фарҷом донишҷӯёни гуруҳҳои 2ва 7- тиббӣ омӯзгоронро ба дастархони наврӯзии худ, ки аз ҳафтсин ва ҳафтшин иборат буд, таклиф карданд.

Мудири кафедра профессор Шерматов Д.С дар охир донишҷӯёни гурӯҳро ва дар симои онҳо тамоми донишҷӯёни донишгоҳро ба ин иди баҳору кишту кор табрик гуфта, ба онҳо дар ҷодаи хониш мувафақият хост.

Мудири кафедра, профессор  -  Шерматов Д.С.

Мутасадӣ, саркуратор  -  Муратова Ч.Ҷ

26.03.2021     328

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php