Дарси тарбиявӣ. “Модар –чашмаи меҳру вафо”

Дарси тарбиявӣ. “Модар –чашмаи меҳру вафо”

Дар кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи иттилоотӣ дар гурӯҳи 4-и тиббӣ, ки таҳти сарпарастии Сатторов Далер Қурбоналиевич қарор дорад, дарси тарбиявӣ зери унвонии “Модар –чашмаи меҳру вафо” баргузор гардид. Омӯзгор Сатторов Д.Қ. соати тарбиявиро ҳусни оғоз бахшид:

-Модар чашмаи меҳру вафо сари ҳама саодати дунё буда, зиндагӣ аз домони поки ӯ маншаъ мегирад. Аз ин рӯй месазад, ки нисбат ба ин олиҳаи меҳр қадрдону меҳрубон бошем.

Давлатзода Бибиҳоҷара ва Ҳасанов Завора модаронро асоси зиндагӣ, олиҳаи зебоӣ ва волотарин омӯзгор арзёбӣ намуда, нақши модарро дар таълиму тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд барҷаста номиданд. Дар фарҷом мудири кафедра профессор Шерматов Д.С. донишҷӯйдухтарони гурӯҳ ва дар симои онҳо тамоми бонувон ва донишҷӯёни донишгоҳро бо ин иди баҳору зебоӣ табрик гуфта, ба онҳо дар ҷодаи хониш мувафақият хост. 

Мудири кафедра, профессор  -  Шерматов Д.С.

Мутасадӣ, саркуратор  -  Муратова Ч.Ҷ.

16.03.2021     423

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php