Дарси тарбиявӣ: Ғизои солим манбаи солимии ҷомеа

Дарси тарбиявӣ: Ғизои солим манбаи солимии ҷомеа

       Дар кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсионӣ дар гурӯҳи 1-и тиббӣ-профилактикӣ, ки таҳти сарпарастии Сафаров Суҳроб қарор дорад,дар мавзӯи “Ғизои солим манбаи солимии ҷомеа” дарси тарбиявӣ баргузор гардид. Дарси тарбиявиро омӯзгор Сафаров Суҳроб ҳусни оғоз бахшида ба донишҷӯён дар бораи бехатарии ғизо ва тартиби хӯрдани ғизо маълумот дод.

      Соли 2019 Созмони Миллали Муттаҳид 7-уми июнро ҳамчун рӯзи бехатарии ғизо дар тамоми ҷаҳон эълон кард. Бояд гуфт, ки бехатарии ғизо ин дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти ғизоӣ буда, ҳар як нафарро мебояд, ки ғизоро оқилона ва самарабахш истеъмол намояд.

Донишҷӯён Кабирова М., Баёнзода М., Мирзоева Б. ва Гулбии М. дар баромади худ ёдовар шуданд, ки дар дунё ҳамасола зиёда аз 600 млн. нафар аз истеъмоли ғизои нодуруст ба ҳар гуна бемориҳои хатарнок мубтало мешаванд ва тақрибан 42 ҳазор нафар мефавтанд.

Дар фарҷом куратори гурӯҳ Сафаров Суҳроб ба донишҷӯён дар бораи тарзи дурусти истеъмоли ғизо чи дар хона ва чи дар ҷойҳои чамъиятӣ маслиҳатҳои муфид дод, зеро тарзи дуруст истеъмол намудани ғизо аз фоида холӣ набуда, рушд, ҳаёт ва саломатии ҳар як инсонро таъмин мекунад.

Мудири кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои

технологияи информатсионӣ профессор Шерматов Д.С.

Мутасадӣ, саркуратор Муратова Ч.Ҷ

08.04.2021     314

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php