Таҷрибаҳои кафедраи фармакология дар ОМИТ

Таҷрибаҳои кафедраи фармакология дар ОМИТ

Ҳафтаи ҷорӣ донишҷӯёни курси 3-юми ҳамаи факултетҳо таҳти роҳбарии устодони кафедраи фармакология дар ОМИТ-и ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино гузаронидани таҷрибаҳоро дар ҳайвонҳои озмоишӣ (қурбоққаҳо) оиди мавзуъҳои дарсӣ (“Воситаҳои доругие, ки ба системаҳои М ва Н- холинореактивӣ таъсир мекунанд”, “Воситаҳои доругие, ки ба асабҳои ҳиссиётнок таъсир мекунанд”, “Воситаҳои доругие, ки ба системаи адренергӣ таъсир мекунанд”) оғоз намуданд. Бо гузарондани ин таҷрибаҳо донишҷӯён бо маводҳои доругӣ, шакли онҳо, механизми таъсири доруҳо, бо таъсири онҳо ба узвҳои дарунӣ, таъсири заҳрнокии доруҳо аз наздик шинос гардида, сатҳи донишашонро баланд мебардоранд.

                                                                           

     кафедраи фармакология


25.09.2020     13

Гузариш ба саҳифаи: