Мизи мудаввар

Мизи мудаввар

22 ноябри соли 2019 аз тарафи Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия»  бахшида ба мавзӯи «Таъминоти аҳолӣ бо маводи доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ»  мизи мудаввар гузаронида шуд. 
Дар ин ҳамоиш  ноиби ректор оид ба илм ва нашрия академик С.Д.Юсуфӣ, декани факултети фармасевтӣ, н.и.т. Юлдошева У.П. як қатор  олимон-фармасевтон ва мудири кафедраи фармакология н.и.т., дотсент Урунова М.В. иштирок намуданд.
Дар ҳамоиши мазкур оиди масъалаҳои мубрами соҳаи фарматсия - вазьи тайёркунии мутахассисони соҳаи фарматсия дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, баланд бардоштани сифати таълим дар донишгоҳ, ҳуҷҷатҳои меъёрҳои ҳуќуќии соҳаи фарматсия, навигариҳои технологияи фармасевтӣ, технологияи коркарди маводҳои доругии нав ва сифати доруҳо, этикаи фуруши доруҳо дар дорухонаҳо маърӯзаҳои ҷолиб барассӣ  шуданд.



03.12.2019     773

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php