Фаъолияти илмӣ


Самти илмии кафедра ба мавзӯи «Омӯзиши растаниҳои шифобахши Тоҷикистон ва дар асоси онҳо коркарди фитодоруҳои нав равона карда шудааст.
Дар алоҳидагӣ аз тарафи устодони кафедра хосияти гипогликемӣ, гиполипидемӣ, зиддиилтиҳобӣ ва хусусиятҳои дигари растаниҳо - анҷибари даштӣ (герани холмовой), софораи ҷопонӣ ва барги ангур, барги тут, решаи радиолаи помиралай, ки захирааш дар ҷумҳириамон зиёд аст, омӯхта шудааст. Дар натиҷаи ин корҳо соҳиби 5 Патент ва 2 пешниҳоди навооварӣ оиди коркарди фитопрепаратҳои нав дар асоси гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон ва 1 монографияи «Фармакология некоторых сахароснижающих лекарственных растений Таджикистана» (муал. Ишонқулова Б.А., с. 2015) аз чоп баромадааст. Айни ҳол кормандони кафедра аз рӯи Лоиҳаи илмӣ, ки аз тарафи Академияи илмҳои тиб ва Вазорати тандурустӣ ва ҲИА ҶТ тасдиқ шудааст хосиятҳои фармакологии пиёзи Розенбах и Регели азим (сиёҳалаф ва модел), барги биҳӣ, алафи испанд ва газнак омӯхта истодаанд. Вобаста ба ин проблема корҳои илмӣ дар маҷалла ва конфронсҳо ба чоп расидааст.
Кафедра бо кафедраҳои фармакологияи Қирғизистон, Қазоқистон Ӯзбекистон ва Россия робитаи мустаҳками илмӣ ва педагогӣ доранд. Координатсияи мавзуи илмӣ бо Институти Химия ба номи Никитина, Лабораторияи фармакологияи Институти Гастроэнтерологии АИ ҶТ, Институти Ғизои назди Вазорати саноати ҶТ, Академияи тиббии Қирғизистон ба номи И.А.Ахунбаева, Донишгоҳи Миллии тиббии Қазоқистон ба номи Асфандияров гузаронида мешавад

Гузариш ба саҳифаи: