Паёми Пешвои миллат – раҳнамои зиндагии шоистаи мардум

Паёми Пешвои миллат – раҳнамои зиндагии шоистаи мардум

Ба мақсади расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 2.02.2019 дар кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ семинар – машварат доир гардид. Нахуст мудири кафедра, профессор А.С.Саидов баромад намуда, нуқтаҳои асосии Паёмро ба омӯзгорон аз нигоҳи илмӣ шарҳ доданд. Таъкид гардид, ки Паёми роҳбари давлат ифодакунандаи зиндагии шоистаи мардуми куҳанбунёди тоҷик буда, расонидани ҳадафҳои асосии он ба насли ҷавон масъулият ва вазифаи аввалиндараҷаи омӯзгорон мебошад. Аз ин рӯ дар семинари машваратӣ супориш дода шуд, ки нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат дар дарсҳои лексионию тарбиявӣ ба таври возеҳ ба донишҷӯён шарҳ дода шавад ва созандагони ояндаи Тоҷикистони маҳбубро аз ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд огоҳ намуд.

Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ

05.02.2019     1606

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php