“Паёми Пешвои миллат-раҳнамои зиндагии шоистаи мардум”

Санаи 01.02.2020 дар кафедра бо иштироки васеи омӯзгорон дар мавзӯи “Паёми Пешвои миллат-раҳнамои зиндагии шоистаи мардум” нишасти корӣ доир гардид. Кори машваратро мудири кафедра оғоз бахшида дар атрофи паҳлӯҳои паёми мазкур сухан ронданд. Қайд гардид, ки роҳбари давлат асосан ба маъалаҳои ватандӯстиву ватанпарастии ҷавонон диққати аввалиндараҷа равона намуда буданд, ки ин таъкидоти сарвари давлат аз мо омӯзгорон масъулияти дучандро талаб менамояд. Ҳамчунин зикр гардид, ки дар партави паём омӯзгоронро зарур аст, ки ба масъалаи ташвиқу тарғиби таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик мароқ зоҳир намоянд ва дар дарсҳои кураторӣ, лексионӣ ва амалӣ моҳияти Паёми Президенти кишварро ба донишҷӯён пурра фаҳмонда диҳанд. Супориш дода шуд, ки дар бораи дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, таҷлили сазовор аз 5500 солагии Саразми бостонӣ, ҷашнҳои миллии Сада, Меҳргон ва Наврӯзи байналмилаӣ маърӯзаҳо омода намоянд ва семинарҳои илмӣ-амалӣ бо иштироки донишҷӯён зиёдтар ба нақша гирифта шаванд. 
 Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ
04.02.2020     819

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php