МО НАСЛИ СИНО, НАСЛИ ИНСОНПАРВАРЕМ

Дар кафедраи Фанҳои ҷомеашиносии донишгоҳ санаи 17 апрели соли 2020 бо донишҷӯёни курсҳои дуюм ва сеюми факултетҳои тиббӣ ва педиатрӣ семинари омӯзишӣ оид ба пешгирии бемории сироятии каронавирус таҳти доир гардид. Дар семинар дар баробари устодони кафедра омӯзгори кафедраи бемориҳои сироятии кӯдакон, муовини декани факултети педиатрӣ Фузайловова Мавлуда Саидисломовна иштирок намуда, ба донишҷӯён ва омӯзгорони кафедра дар масъалаи вазъи бемории сироятии коронавирус, аломатҳои он, пешгирии бемории каронавирус, риояи гигенияи шахсию ҷамъиятӣ ва дода нашудан ба хабарҳои беасоси расонаҳои хабарӣ маълумоти муфассал дод. Қайд гардид, ки хушбахтона дар кишвари азизи мо ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст. Аз донишҷуён даъват ба амал оварда шуд, ки донишҷӯёни донишгоҳи тиббӣ ҳамчун ворисони Сино ва насли инсонпарвар бояд ба халқу ватанамон хизмат намоянд ва ба мардум перомуни риояи қоидаҳои зиддиэпидеиткӣ ва бовар накардан ба хабарҳои бардурӯғи сомонаҳои иҷтимоӣ, сӯҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.
Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ
17.04.2020     812

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php