Мизи мудаввар таҳти унвони «Саразм -ҳамчун минтақаи сайёҳӣ ва аҳамияти таърихии он» дар кафедраи Фанҳои ҷомеашиносӣ

Мизи мудаввар таҳти унвони «Саразм -ҳамчун минтақаи сайёҳӣ ва аҳамияти таърихии он» дар кафедраи Фанҳои  ҷомеашиносӣ

Санаи 10.12.2019 дар доираи омодагӣ ва таҷлили ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ дар кафедраи «Фанҳои ҷомеашиносӣ»-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ Ибни Сино мизи мудаввар таҳти унвони «Саразм-ҳамчун минтақаи сайёҳӣ ва аҳамияти таърихии он» бо иштироки аъзоёни кафедра ва донишҷуёни курси 4-уми факултаи тиббӣ баргузор гардид. Сараввал мудири кафедраи «Фанҳои ҷомеашиносӣ» профессор Саидов А.С. суханронӣ намуда, роҷеъ ба моҳияти таърихию фарҳангии Саразми бостонӣ маълумот доданд. Баъдан омӯзгорони кафедра аз рӯйи мавзӯъҳои «Ворид шудани Саразм ҳамчун ёдгории таърихию фарҳангии халқи тоҷик ба рӯйхати Юнеско» - Амонова С.   ва «Саҳми олимон рус дар омӯзиши таъриху маданияти мардуми Саразм»- Нурматова М.Р. баромад намуданд. Зимни маърӯзаҳо бо истифода аз слайдҳо, баромадкунандагон тавонистанд, расмҳо ва факту далелҳои ҷолибро аз ин минтақа намоиш диҳанд. Инчунин донишҷуёни курси 4, гӯруҳи 4-и факултаи тиббӣ Насруллоев Н. дар мавзӯи «Аҳамияти бозёфтҳои археологӣ дар тадқиқи шаҳри қадимаи Саразм» ва Мирзоева Д. дар мавзӯи «Аз таърихи шаҳри Саразм» баромад намуданд. Дар охир ба суолҳои аз ҷониби донишҷуён пешниҳодшуда омӯзгорон посухҳои дақиқ доданд. Мизи мудаввар дар сатҳи баланди илмию маърифатӣ ва хотирмон доир карда шуда, аз он иштирокчиён таасуроти нек бардоштанд. 

    А.С Саидов       мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ, профессор

10.12.2019     647

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php