Истиқлолият дастоварди таърихии миллат
Дар кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ дар ҳамкорӣ бо шуъбаи тарбия бахшида ба 29 солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси кушод бо иштироки донишҷӯёни курси 3-юми факултети стоматологӣ дар мавзӯи «Дастовардҳои иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият» аз ҷониби омӯзгорони кафедра Сафарова М.Ҷ. ва Амонова С.Б. доир карда шуд. Дар муҳокимаи дарс сардори шуъбаи тарбия Абдураҳмонов З.В. иштирок карда, донишҷӯёнро ба ҳифзи дастовардҳои беназири Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳидоят намуд.
Шуъбаи тарбия
Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ