Рӯзи байналмиллалии «Мубориза бар зидди ВНМО»

Рӯзи байналмиллалии «Мубориза бар зидди ВНМО»

Мувофиқи нақшаи кафедра оид ба гузаронидани чорабинӣ, бахшида ба Рӯзи байналмиллалии «Мубориза бар зидди АПНМ (СПИД)» таҳти шиори «Пешгирии эпидемия бо мақсади нав ва имкониятҳои нав» дар санаи 4-уми декабри соли 2019 ба муносибати ҷашни Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди вируси норасоии масуният, ки ҳамасола санаи 1-уми декабр қайд карда мешавад аз тарафи кафедраҳои тахассусии факултети нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ (эпидемиология, беҳдошт ва экология, бемориҳои сироятӣ) бо иштироки мудирони кафедраҳо д.и.т. Одинаев Н.С., Ҳасанов Ф.Ҷ., устодони кафедраҳои эпидемиология, беҳдошт, бемориҳои сироятӣ ва донишҷуён дар ҳамкорӣ бо Маркази Ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО-и ВТҲИА ҶТ мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар чорабинии баргузоргардида, баҳри баланд бардоштани иттилоотнокии донишчуён нисбати ВНМО/БПНМ, табобат, пешгири ва ҳолати эпидемиологии ВНМО дар Тоҷикистон аз тарафи интернаи кафедраи эпидемиология Абдурозиқова Дарина Анваровна дар мавзӯи «Эпидемиологическая ситуация по ВИЧ- инфекции в Мире и в Республике Таджикистан», магистри кафедраи эпидемиология дар мавзӯи «Эпидемиология, история и этапы развития эпидемии ВИЧ – инфекции», донишҷӯи курси 4-уми факултети тиббӣ Ясаева Мария дар мавзӯи “ВИЧ- инфекции, этиология, патогенез и профилактика” ва инчунин тарафи аспиранти кафедраи бемориҳои сироятӣ Виктория Цой Николаевна дар мавзӯи «Лечения ВИЧ- инфекции» маърӯзаҳо пешниход гардиданд.

Баҳри боз ҳам ҷолиб гардонидани чорабинӣ ба донишҷуён викторина бо саволҳо оид ба бемории ВНМО ва роҳҳои гузариши он саволу ҷавоб гузаронида шуд ва дар охир маводҳои иттилоотдиҳанда ба иштироккунандагон пешкаш карда шуд.

 

Н.С.  Одинаевмудири кафедра, д.и.т. 

06.12.2019     643

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php