Мукофотҳои кормандони кафедра


Мукофотҳои кормандони кафедра
1) Анварова Ш.С. - Аълочии тандурустии ҶТ (1996) (Душанбе), Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон) (2002) (Душанбе), Дорандаи ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи академик Е.Н.Павловский- (2017)- (Душанбе)
2) Ҷураева С.Д. - 1973-ғолибияти мусобиқаи сотсиалистии МЭҶ, 1974 – ифтихорнома барои фаъолияти самаранок аз Институти эксперименталии эндокринологии ИХГАМН СССР, 1976 – ифтихорномаи МЭҶ, 1982, Аълочии Тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон
3) Ниязова Н.Ф. - Аълочии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ (2018), Душанбе.
4) Иноятова Н.А. - Аълочии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ (2019) Душанбе.
Дастовардҳои сохтор
Ташкил намудани кафедраи эндокринология ба таълими маҷмӯии донишҷӯёни факултетҳои муолиҷавӣ, педиатрӣ ва умумитиббӣ, магистрҳо ва ординаторони клиникӣ мусоидат намуд. Таълими донишҷӯён дар заминаи Маркази тиббии шаҳрӣ бо мавҷуд будани шуъбаҳои эндокринологии калонсолону кӯдакон барои омӯзиши иллатҳои эндокринӣ дар ҷанбаи синнусолӣ, беҳтар намудани азхудкунии малакаҳои амалӣ имконият медиҳад. Иртиботи зич бо Марказҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳрии эндокринология барои омӯхтани принсипҳои асосии кӯмаки амбулатории беморони эндокринӣ низ имконият медиҳад. Вазифаи нисбатан муҳими кафедра оид ба тайёр намудани мутахассисони оянда, иштирок намудани донишҷӯён дар методикаи таълими беморони гирифтори диабети қанд, принсипҳои худназоратӣ мебошад. Ин на фақат барои шинос намудани донишҷӯён бо тавсияҳои ТУТ ва Маркази байналмилалии диабетологӣ, балки таҳким додани малакаҳои ҳосилнамудаи амалии онҳо, мусоидат намудан ба иштироки фаъолонаи онҳо дар иҷрои Барномаи миллии муборизаи зидди диабети қанд имконият медиҳад.


Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php