Таърихи кафедра


Пас аз дар ш. Сталинобод соли 1939 таъсис ёфтани Институти давлатии тиббии Тоҷикистон (дар байни кафедраҳои клиникӣаз соли 1941 яке аз аввалинҳо шуда), кафедраи дерматовенерология фаъолияти худро оғоз кард. Фаъолияти кафедраро ба якчанд марҳила ҷудо кардан мумкин аст:
Марҳилаи аввал -солҳои 1941-1945 дар давраи ҶБВ замони ташкилёбӣ ва инкишофи кафедра буд. Ҳалли масъалаҳои асосии кафедра ба зиммаи узви вобастаи АИ Белоруссия, доктори илмҳои тиб, профессор А.Я. Прокопчук (1941-1943) гузошта шуда буд. Ӯ аз соли 1942 директори Институти тиббӣ буд. Аз соли 1943 то 1945 ва-зифаи мудири кафедраро д.и.т., проф. Иосиф Давидович Перкел иҷро мекард.
Дар марҳилаи дуюм солҳои 1945-1959–давраи баъдиҷангӣ му-дирии кафедраро муддати15 сол номзади илми тиб, дотсент Лазер Михайлович Кенигсберг базима дошт. Ба фаъолияти педагогӣ хатмкунандагони институтҳои Самарқанд (БаротРаҳматов) ва Тоҷикистон (СодиқИсхоқов) ҷалб карда шуданд. Б. Раҳматов соли 1953 дар мавзӯи «Бемории сили пӯст дар Тоҷикистон ва самаранокии табобати он бо витамини Д» - рисолаи номзадӣ, соли 1960 бошад, дар мавзӯи «Ташхис исирояти сифилитикӣ ва табоба-ти зидди он ба хуни истеҳсолшавӣ ва нишондиҳандаҳои диатези ге-моррагӣ дар гирифторони бемории сифилис», соли 1959 Содиқ Исҳоқов дар мавзӯи «Дерматомикозҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маърифатнокии санитарӣ ҳамчун омили пешгирии онҳо» рисо-лаи номзадӣ ҳимоя намуд.
Марҳилаи сеюм - солҳои1960-1978 роҳбарии кафедра ба зим-маи Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.т., профессор Раҳматов Б.Р. гузошта шуд. Ин даврадар Институти тиббӣ факултетҳои муолиҷавӣ, педиатрӣ, стоматологӣ ва такмили ихтисоси духтурон, субординатура фаъолият мекарданд. Қайд кар-дан лозим аст, ки шумораи кормандони кафедра зиёд, аммо да-раҷаи ихтисоси педагогии на ҳамаашон баланд буд. Бинобар ин, яке аз вазифаҳои муҳимми кафедра тайёр намуданиомӯзгоронидо-роидараҷаи илмӣ буд. Аз ин рӯ, ба ординатураи клиникӣ шахсони зерин шомил буданд: Исоева Е.Т. (1964 с.), Зоиров П.Т. (1965 с.), Исоева М.С. (1970 с.), ки дар оянда рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя карданд.
Солҳои роҳбарии профессор Б.Р. Раҳматов 10 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя карданд (Рисхиев И.Р., Қиёямов Ф.А.,Лапушкина Т.П., Исоева Е.Т., Зоиров П.Т., Исоева М.С., Нестеренко Б.А., Усмонов Ф.И., Усмонова Х.Д., Қосимов О.И.). Самти асосии илмии кафедра ба омӯхтани таъсири самараноки чашмаҳои маъданӣ дар табобати бемориҳои музмини авҷгирандаи пӯст, бемориҳои сили пӯст ва сифилис равона шуда буд.
Аз соли 1983 ба кафедра д.и.т. Зоиров П.Т. роҳбарӣ мекард. Вазифаи асосии ин давраи кафедра омода кардани кадрҳои илмӣ-педагогии ҷавон буд. Дар фаъолияти мактаби калони мутахассисон-дерматовенерологон саҳми Зоиров П.Т. калон аст, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Федератсияи Русия, ИМА, Исроил ва Қатар низ бо муваффақият фаъолият мекунанд. Аз байни онҳоДадабоев Р.Д., Мараренко И.М., Исҳоқӣ Д.Ф., Алиев Х.И., Алиева З.О., Боҳиров Д.Н., Дирда Н.И., Недосекова Н.Г., Муҳаммадиева К.М., Темирова М.А., Ҳомидов М.Ф., Абдумамадова Ш.А., Қосимов А.М., Исматуллоева С.С., Бухориев К.М., Муҳиддинова Г.М. ва Сино Иброҳими Собирро номбар кардан бамаврид аст.
Сентябри 2015 ба вазифаи мудири кафедра д.и.т. Муҳамадиева Кибриёхон Мансуровна таъйин гардид. Айни хол ҳайати устодону омӯзгорони кафедра аз 15 нафар иборат буда, як нафар узвивобастаи АИ ҶТ, д.и.т., профессор (Зоиров П.Т.), як нафар –профессор, д.и.т.(Исоева М.С.), як нафар –д.и.т. (Муҳамадиева К.М.), шаш нафар номзадони илмитиб, дотсентон (УсмоноваҲ. Ҷ., Абдиева Д.Ҳ., Дадабоев Р.Д., Хусайнов А.А., Алиев Х.И., Саидов Б.И.), 2 номзади илми тиб (Дирда Н.И., Исматуллоева С.С.) мебошанд; 4 нафар омӯзгорони кафедра барои ҳимояи рисолаҳои номзадии худ омодаанд.

Ҳамкориҳои кафедра


1. Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои пӯст ва зуҳравии ВТҲИА ҶТ.
2. Кафедраи дерматовенерология бо курси косметологияи Донишкадаи тиббии баъдидипломии ВТҲИАТ.
3. Кафедраи фтизиатрияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино.
4. Кафедраи физиологияи патологии ДДТТ ба номи Абӯалӣ иб-ни Сино.
5. Кафедраи гистологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино.
6. Шӯъбаи ҷарроҳии пластики Маркази ҷумҳуриявии бемо-риҳои дилу рагҳои хунгард.
7. Кафедраи дерматовенерологияи Донишгоҳи тиббии Тошканд.
8. Кафедраи дерматовенерологияи Донишгоҳи тиббии ба номи И.М. Сеченови ш.Москва.
9. Кафедраи дерматовенерологияи Донишгоҳи тибби ш.Новосибирск.
10. Кафедраидерматовенерологияи Донишгоҳи тиббии ш. Иркутск.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php