Сирояти COVID – 19 ва пешгирии он

Сирояти COVID – 19 ва пешгирии он

Санаи 14.12.2020 дар толори лексионии кафедраи дерматовенерология семинар бо иштироки ҳайати устодону профессорони кафедраи дерматовенерология ва донишҷӯёни гурӯҳҳои 1 ва 2-юми курси 4-уми факултети тиббӣ-профилактикӣ баргузор гардид. Дар он донишҷӯи гурӯҳи 1 курси 4-уми факултети тиббӣ-профилактикӣ Аҳмад Носир дар мавзӯи “Сирояти COVID – 19 ва пешгирии он” баромад намуд.

У дар баромадаш қайд намуд, ки дар замони муосир сирояти коронавирус яке аз фоҷиабортарин сироятҳо ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин ӯ зикр намуд, ки аз лаҳзаи ба қайд гирифтани аввалин ҳодисаи гирифторшавии аҳолӣ ба ин беморӣ ҳанӯз тақрибан як сол сипарӣ гардида бошад ҳам, аллакай дар самти пешгирӣ ва табобати ин беморӣ пешравиҳои назаррас ба чашм мерасанд. Дар баромадаш инчунин ӯ дар бораи роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии ин беморӣ дар байни аҳолӣ ва махсусан дар байни табибон суханронӣ намуд. Дар охири баромадаш Аҳмад Носир ба саволҳои ҳозирин посухҳои мушаххас дод.

С.С. Бозоров - ассистенти кафедраи дерматовенерология

15.12.2020     455

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php