Омӯзиши илм аз ҳаргуна ибодат беҳтар аст

Омӯзиши илм аз ҳаргуна ибодат беҳтар аст

Санаи 11.03.21 дар кафедраи дерматовенерологияи  МДТ “Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” бо иштироки омӯзгорони кафедра  ва донишҷӯёни курси 4, гурӯҳҳои 50 - 55-ми факултети тиббӣ ҷамъомад  гузаронида шуд. Дар ҷамъомади мазкур донишҷӯи гурӯҳи 50-и курси 4-и факултети тиббӣ Маҳмудзода Зикрулло дар  мавзӯъи   “Омӯзиши илм аз ҳар гуна ибодат беҳтар аст” баромад кард. Ӯ дар баромади худ қайд намуд, маҳзил аст, ки инсонро ба роҳи росту равшан ҳидоятгар аст. Инсониятро дар баробари дигар фарзиятҳо омузиши илм низ фарзгардидааст. Чунон чи : «Талаби илм бар хамаи марду зани мусулмон фарз аст» ё «3и гаҳвора то гур дониш бичуй», бармеояд, ки дин низ омузиши илмро такозо мекардааст. Омухтани илм омухтани асрори ҷаҳони пурроз аст. Омухтани илм тафовутдиҳандаи инсони комил аз дигар махлуқоти олам аст, ки хамаи бадбахтиҳоро раъф карда зиндагиро таровату нур ва хушиву сурур мебахшад. Воқеан мо ҷавонон бояд бештар ба илму ҳунар таваҷҷуҳ намоем, то ки дар ин роҳ ба дастовардҳои нав ба нав ноил гардем. Дар охири ин чорабинӣ якчанд донишҷӯён фикру ақидаҳои худро дар ин мавзуъ баён карданд.

Профессори кафедраи дерматовенерология д.и.т.  -  Исаева М.С.

13.03.2021     592

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php