Одоби сухан гуфтан

Одоби сухан гуфтан

Санаи 11.12.2020 дар толори лексионии кафедраи дерматовенерология семинар бо иштироки ҳайати устодону профессорони кафедраи дерматовенерология ва донишҷӯёни гурӯҳҳои 1 ва 5-юми курси 4-уми факултети тиббӣ баргузор гардид. Дар он донишҷӯи гурӯҳи 5 курси 4-уми факултети тиббӣ Носирова Мастона дар мавзӯи “Одоби сухан гуфтан" баромад намуд.

У дар баромадаш қайд намуд, ки точикон аз замонхои кадим дорои забон буда одоби хуби сухангуи доранд. Сухан ганҷинаи бузургест, ки баробари аз забон падид омаданаш шунавандаро ба худ ҷалб менамояд, хоҳ ҷолиб бошад, ҳоҳ не. Сухан тиреро мемонад, ки баробари аз камон ҷастан метавонад касеро ё чизеро халок созад. Сухан нушдорӯеро мемонад, ки беморонро куввату мадор, хастию тавон ва солимонро оқлу ҳуш ва заковат мебахшад. Дар баромадаш инчунин ӯ дар бораи тарзхои суханронӣ дар байни аҳолӣ ва махсусан дар байни табибон суханронӣ намуд. Дар охири баромадаш Носирова Мастона ба саволҳои ҳозирин посухҳои мушаххас дод. 

Ҳусайнов А.А.  -  н.и.т., дотсенти кафедраи дерматовенерология

16.12.2020     3499

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php