Модар аввалин тарбиятгар ва рамзи муҳаббати инсонӣ

Модар аввалин тарбиятгар ва рамзи муҳаббати инсонӣ

Санаи 05.03.21 дар кафедраи дерматовенерологияи МДТ “Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” бо иштироки омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни курси 4, гурӯҳҳои 50 - 55-и факултети тиббӣ ҷамъомад бахшида ба рӯзи   8 –март “ Рӯзи модарон“ гузаронида шуд. Дар ҷамъомади мазкур донишҷӯи гурӯҳи 55-и курси 4-и факултети тиббӣ Аҳмадбекова Савриноз дар мавзӯъи “Модар аввалин тарбиятгар ва рамзи муҳаббати инсонӣ “ баромад кард. Ӯ дар баромади худ қайд намуд, ки мо ҷавонон бояд ба қадри модарони худ бирасем, нагузорем, ки онҳо хор гарданд ва ҳамавақт ҳурматашонро ба ҷо орем. Воқеан зан – модар тарбиятгари насли имрӯз ва фардои миллат мебошад. Маҳз бо   ҷасорат, шуҷоату шавқати модари тоҷик фарзандони бонангу ори миллат дар рӯҳияи ватанпарастӣ тарбият ёфта, баҳри ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ талош менамоянд. Ҳамчунин ӯ дар баромадаш якчанд шеърҳои пурмазмуну пурмӯҳтавои шоирони форсу тоҷикро дар васфи модар қироат намуд. Дар охири ин чорабинӣ якчанд донишҷӯён фикру ақидаҳои худро дар ин мавзуъ баён карданд.

Асистенти кафедраи дерматовенерология  -  Бозоров С.С.

05.03.2021     474

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php