Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд

Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд

Дар санаи 13-уми феврали соли 2019 дар кафедраи дерматовенерологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино мухокимаи конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар ҳалқаи донишҷӯёни курси 5 факултаи НТҶ зери роҳбарии ассистенти кафедра Абдуллоева М.А. баргузор гардид. Баромадкунанда донишҷӯи гурӯҳи 2, факултаи номбурда Бобоева Хуросон буд. Ӯ қайд намуд, ки қонун  2-юми августи соли 2011 таҳти №762 қабул карда шудааст. Мақсад аз қабули қонуни мазкур беаҳамият набудани волидон дар таълиму тарбияи фарзандон мебошад. Тибқи ин қонун волидон ба амалҳои ғайриқонунии фарзандон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Аз ин хотир аксар волидон баъди қабули қонуни мавриди назар дар таълиму тарбияи фарзандони худ диққати махсус доданд. Агар волидон дар оилаи хуб тарбия гирифта бошанд ва саводи хуб дошта бошанд, онҳо кӯшиш мекунанд, ки фарзанди худро низ боодобу ботамиз ба воя расонанд. Беҳуда нагуфтаанд, фарзанди нек боғи падар, фарзанди бад доғи падар. Фарзандоне, ки дар оила тарбияи хуб ёфтанад кӯшиш мекунанд, то дигарон низ дар чунин роҳ ба воя расанд.

Аз қабули Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” 8 сол пур шуда бошад ҳам, мушоҳидаҳо собит месозанд, ки иддае аз волидон дар тарбияи фарзандон ҳоло низ беаҳамияти мекунанд. Беаҳамиятии онҳо то ҷое мерасад, ки фарзандони онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ шомил мешаванд ва ҳаёти худро зери хатар мегузоранд. Аз ин ру, мо максад гузоштем, ки атрофии ин конун боз як сухбати пурмазмун ороем.

  

М.А. Абдуллоева, Ассистенти кафедраи дерматовенерология 

18.02.2019     3203

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php