ҶАШНИ НАВРӮЗ

ҶАШНИ НАВРӮЗ

Дар толори кафедраи дерматовенерология бо иштироки муаллимони кафедра дотсенти кафедра Ҳусайнов А.А., ассистентони кафедра: Ахмедов М.М., Абдуллоева М.А. ва донишҷуёни курси 4 факултети педиатрии гурӯҳҳои 1ва 2 дарси кушоди фарҳангӣ-маданӣ баргузор гардид.Мавзӯи баррасишаванда ба ҷашни Наврӯз бахшида шуд. Бойбобоева Тамано бо роҳбарии ассистенти кафедра Зоирова Н.П. зери унвони “Ҷашни Наврӯз” маъруза кард. Дар баромади худ кайд намуд, ки Наврӯз яке чашнхои кадимтарини ниёгони мо мебошад. Дар даврони истиклолият Наврӯз бо шукӯҳу шахомати тоза ҷашн гирифта мешавад ва суннатхои милливу бостонии мо аз нав эхё мегарданд. Ин  як  эхтиром  ба  фархангу  тамаддуни  миллат  ва  забону  хастии  миллат  аст.

Хурсандиовар  аст, ки  Наврӯз  аз  чониби созмонхои  байналмилалӣ эътироф гашта, соли 2010 дар  чаласаи  64-уми Ассамблеяи генералии Созмони  Милали  Мутахид тахти фасли  49, ки  унвони «Фарханги  чахон»-ро  дорад, қатъномаи «Рӯзи  чахонии Наврӯз»  ба тасвиб  расид. Дар  карорнома  гуфта мешавад, ки  хамасола  дар  тамоми чахон  21-уми  март  хамчун  Рӯзи  байналмилалии  Наврӯз  чашн  мегардад.

Кафедраи дерматовенерология

01.04.2021     468

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php