Фаъолияти илмӣ– тадқиқотии кафедра


Соли 2018 мавзӯи корҳои илмии кафедра «Омӯзиши ҳусусиятҳои клиникӣ, ҷараён ва табобати бемориҳои музмини авҷгирандаи пӯст бо назардошти типии системаи асаб» ба охир расид. Аспиранти кафедра М.Мирзоева дар мавзӯи “Паҳншавӣ, хусусиятҳои ҷараёни клиникӣ, ташхис ва табобати табхоли футашакл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Москва рисолаи номзадӣ ҳимоя кард.
Мавзӯи корҳои илмии кафедра барои солҳои хониши 2018-2023 «Паҳншавӣ, хусусиятхои ҷараёни дерматозҳои музмин ва нуқсонҳои косметикии пӯст, такмил додани муолиҷа» муқаррар шудааст. Дар доираи ин мавзӯъ ҳимояи 4 рисолаи номзадӣ ба нақша гирифта шудааст. Муддати 5 соли охир 88 мақола ва 51 фишурдаҳо омода ва нашр шудаанд. Дар нашрияҳои Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия 19 мақола чоп шуд. Корҳо оиди тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар байни донишҷӯён, интернҳо, ординаторони клиникӣ ва аспирантҳо фаъолона пеш бурда мешаванд. Дар ин самт дар кафедра маҳфили илмии донишҷуён ва олимони ҷавон фаъолият мекунад, ки дар он мутобиқи нақша ҳар моҳ аз тарафи аъзоёни маҳфил ҷаласа бо презентатсияҳо ва машваратҳои клиникӣ гузаронида мешавад.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php