Таърихи кафедра


Кафедраи биология бо асосҳои генетикаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино тибқи қарори Шӯрои олимон, соли 1939 таъсис дода шуд ва нахустин мудири кафедра дотсент В.Г.Остроумов таъйин шуд. Дар солҳои 1950-1953 мудирияти кафедраро номзади илмҳои биологӣ М.Н.Нарзикулов, ки баъдан то мақоми узви пайвастаи АИ ҶТ, директори Пажуҳишгоҳи зоология ва паразитология, ноиби Президенти АИ ҶТ иҷрои вазифа карда буд, ба дӯш дошт.
Аз соли 1953 то соли 1973 дотсент, полковники хадамоти тиббӣ А.И.Шуренкова мудири кафедра ба шумор меравад. Мавсуф ба манзури мубориза бо амрози тропикӣ ҳамроҳи академик Е.Н. Павловский вориди ҷумҳурӣ мегардад ва барои ҳамеша дар ин ҷо ба хотири кору фаъолият мемонад. А.И.Шуренкова ҳамзамон ба фаъолияти омӯзгоряш дар донишкадаи тиббӣ умури илмию пажуҳишро ҳам пеш мебарад. Байни солҳои 1973- 1993 ба кафедра доктори илми биология, профессор Л.И. Исмоилова роҳбарӣ кардааст. Дар давраи роҳбарии А.И.Шуренкова ва Л.И.Исмоилова устодоне чун С.А. Ростовшиков, М.М.Мансурова, М.О.Олимбоева, В.И.Толстой, Л.Х.Урунова, Е.Ф.Гаджей, Р.А.Пилосов, Т.К.Сайгафаров, М.Н.Назаров, А.М.Баҳромов, М.Д.Давлатшоев, З.В.Музаффарова, Т.Г.Чуватова, М.М.Дониёрова, В.Л.Гафурова, М.М.Майюсупов, З.У.Бурҳонова, Ю.С. Ли ва дигарон масруфи кору фаъолият буданд.
Соли 1988 кафедра ба ду бахш ҷудо карда мешавад, ки мутаносибан бо номҳои кафедраи биология барои факултаҳои муолиҷавию стомотологӣ мудираш профессор Л.И.Исмоилова ва кафедраи биология барои факултаҳои педиатрию фарматсевтӣ мудираш профессор Н.Б.Бердиев.
Соли 1994 дубора кафедраҳо муттаҳид мешаванд ва профессор Н.Б.Бердиев ба вазифаи мудирӣ тайин мешаванд ва то сентябри соли 2008 дар ин мақом боқӣ мемонанд.
Аз соли 2008 бад-ин сӯ мудирияти кафедра ба дӯши н.и.б. дотсент М.Ё. Холбегов, вогузор шудааст. Аз соли 2009 ин ҷониб кормандони кафедра нақша ва барномаҳои таълимиро аз нав таҷдиди назар намуда, онро бори дигар ба стандарти давлатӣ мувофиқ кунониданд.
Дар давраи мудирии дотсент Холбегов М.Ё се нафар кормандони кафедра Каримова И.С соли 2009, Чориев С.А соли 2012 ва Ризоева О.А соли 2020 рисолаи номзадӣ дифоъ намуданд. Айни ҳол унвонҷӯёни кафедра Шахсуфбекова О.М ва Ҳакимов С.А ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғуланд.
Соли 2011 барои фаъолияти самараноку сермаҳсул «кафедраи беҳтарини сол» дониста шуд.
Кормандони кафедра зери роҳбарии дотсент Холбегов М.Ё китоби «Консепсияи табиатшиносии муосир» (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, «Курси лексияҳо аз географияи Тоҷикистон бо асосҳои демография» (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, «Тестҳо барои санҷиши дониши хонандагон аз фанни биология» -дастур барои довталабони мактабҳои олӣ (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ) «Луғати биологии русӣ- тоҷикӣ- дарӣ- англисӣ», ва «дастури таълимӣ аз фанни биология бо асосҳои генетика» (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ), «Курси лексияҳо аз фанни биологияи тиббӣ» бо забонҳои тоҷики ва русӣ, китоби «Биология» барои дохилшавандагони мактабҳои олӣ ва китоби «Биологияи тиббӣ»- ро соли 2019 аз чоп бароварданд. Ҳамасола донишҷӯёни донишгоҳ дар олимпиадаи байни донишҷӯёни мактабҳои олӣ аз фанни биология фаъолона ширкат варзида аз рӯи равияҳои тахассуси ва ғайритахассуси ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд.
Феълан ҳайати кормандони кафедра аз мудири кафедра, дотсент М.Ё.Холбегов, профессор Ш.Ш.Розиқов, н.и.б., дотсент Г.Н.Азимова, н.и.б. дотсент И.С.Каримова, ассистентон н.и.б., А.А. Cангинов, н.и.б., Ш.Ш. Қурбонбекова, О.А.Ризоева., О.Н. Шахсуфбекова, Д.С. Носирова, С.А.Ҳакимов, Д.А. Абдуллоев, Ҳомитджонова Д.Ҳ, лаборанти калон Г.Х.Ҳурматова ва лаборант М.М.Мирзоева иборат мебошад.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php