Терроризм-экстремизм

Терроризм-экстремизм

Дар кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика дар мавъзӯи «Ифротгароию ҷудоихоҳӣ ва оқибатхои нохушии он ба ҷомеа. Терроризм-экстремизм» дар гурухҳои кураторӣ семинарии илмӣ гузаронида шуд.

Дар семинар саркуратори кафедра Каримова И.С. ва кураторон Азимова Г.Н., Шахсуфбекова Н.Н., Ризоева О.А., Ҳомидҷонова Д., Хурматова Р., Мирзоева М., ва донишҷӯён иштирок доштанд. Дар он донишҷуён бо 3 маърӯза бахшида ба мавзӯъ баромад карданд.

Донишҷуён бо маърӯзаҳои худ дар бораи «Ифротгароию ҷудоихоҳӣ ва оқибатхои нохушии он ба ҷоъмеа» баромад карда, қайд намуданд, ки Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифродгароӣ) бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2006 тасдиқ шудааст. Инчунин ба ҳозирин ду филми хусусияти тарбиявидошта намоиш дода шуд. Дар охир саркуратори кафедразимни суханронии худ қайд кард, ки дар ин масъала ҳар як фарди ҷомеа бояд ҷиддӣ бошанд.

“Баҳри ободии Ватани азизамон якдилона кушиш намуда, дар гулгулшукуфоиву ободии он саҳми арзандаи худро мегузорем” бо чунин суханони ташвиқотӣ семинар ҷаъмбаст ёфт.   

Саркуратори кафедраи биологияи

тиббӣ бо асосҳои генетика, дотсент  -  Каримова И.С.

12.12.2020     428

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php