Маҳфили илмӣ-тарбиявӣ

Маҳфили илмӣ-тарбиявӣ

         Тибқи нақша чорабиниҳои кори тарбия ва дастуру супоришҳои Раёсати донишгоҳ дар кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика бо гуруҳҳои кураторӣ ва устодону кураторони кафедра бахшида ба рӯзи 23-юми феврал - Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон махфили илмӣ - тарбиявӣ баргузор гашт.

         Дар махфили илмӣ аз ҷониби донишҷӯёни гуруҳҳои куратории курсҳои 1-уми факултетҳои тиббӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ 4-маърӯза шунида шуд. Баҳри боз ҳам рангин ва бой гардонидани муҳтавои чорабинӣ 6-нафар донишҷӯ бо маҳорати хуби шеърхонӣ дар васфи Ватан, Тоҷикистон шеърҳо қироат намуданд. Маҳфилро донишҷӯёни фаъол бо презентация, саволу супоришҳои аҷоиб ва хониши шеърҳо хело рангин намуданд.

Мудири кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика дотсент Холбегов М.Ё.

Масъули бахши тарбия дотсент Каримова И.С.

25.02.2021     441

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php