Таърихи кафедра


Кафедраи биохимия моҳи сентябри соли 1940 ташкил шудааст. Асосгузори кафедра ва мудири якуми он н.и.б. В. С. Илйин буд, ки он аз соли 1940 то 1945 кафедраро роҳбарӣ намудааст. Ӯ аз ин пеш дар Институти тиббии ш. Ленинград кор мекард.
Аз сентябри соли 1945 то июни 1948 вазифаи мудири кафедраро профессор Дашкевич Борис Николаевич ва мудири курси биохимияро профессор Раевский Анатолий Сергеевич ба уҳда дошта, аз 30 августи 1948 то 1952 мудирии кафедраи биохимия ба души Виллер Генрита Ефимовна буд.
Он замон фанни химияи органикӣ ва физколлидиро номзади илмҳои химия, дотсент Герман Эсфир Яковлевна таълим медод. Ассистентҳои кафедра Яхнина Д.Н., Забозлаева Е.А., Мансурова И.Д. буданд. Аз рӯзи ташкилёбии кафедраи биохимия вазифаҳои лаборанти калон ва препараторҳоро Лилия Димитровна Черемных ва Ефросиня Сидоровна Риженкова иҷро мекарданд.
Аз моҳи майи соли 1952 то январи соли 1970 вазифаи мудири кафедраро профессор, Яков Э. А. ба уҳда дошт.
Солҳои 1970-1986 мудири кафедра номзади илмҳои тиб, дотсент Яхнина Дора Наумовна буд.
Аз соли 1987 то соли 2015 вазифаи мудири кафедраро доктори илмҳои биология, профессор Сабурова Анна Муҳаммадиевна иҷро мекард.
Кафедраи мазкурро моҳи сентябри соли 2015 то моҳи марти соли 2016 н.и.х., дотсент Ғафуров Бобомурод Абдуқаҳҳорович роҳбарӣ намудааст. Аз 17.03.2016 то ин дам мудири кафедраи биохимия н.и.х., дотсент Махсудова Мусалама Солеҳовна мебошад.

Ҳамкориҳои дохилӣ ва байналмилалӣ


Кафедра бо якчанд кафедраҳои донишгоҳ ҳамкориҳои зич дорад. Аз он ҷумла бо кафедраи бемориҳои дарунии донишгоҳ, бемориҳои кӯдаконаи №1 ва 2, кафедраи ҷарроҳии кӯдакона, фармокология, кафедраи ҷарроҳии умумӣ №1ва 2, кафедраи биохимияи ДМТ, кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №1ва 2 ва акушер- гинекологии №1ва 2.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php