ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,
Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам,
Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,
Даҳр бинмояд ситоиши мардуми барнодилам.
Сулҳ ва Ваҳдат ибораҳое мебошанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни хеле шевою гуворо садо медиҳанд ва ин шунавандаро водор месозад, ки оиди ин ду мавҳуми Муққадас фикр намоянд.
Сулҳ ин зиндагии орому осоишта, якдигарфаҳмӣ, оштиву фарзонагӣ нисбат ба ҳамдигар мебошад.
Ваҳдат ин ба ҳамоӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, миллатдусту меҳнатдўст, поквиҷдону бо номус будан мебошад.
Беҳтарин неъмати инсон дар ҳар давру замон, яъне орзуву ормон, такмили давлат, наҷот ва ташаккул ёфтани миллат, нумўи даврон аз Ваҳдат сарчашма мегирад. Маҳз бо шарофати Сулҳу Ваҳдати умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони бурунмарзӣ мавқею мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор намуд. Имруз дар сар то сари олам байни давлатҳои хурду бузург тақсимоти сарҳад ва минтақаҳо давом дорад, ки байни ин давлатҳо доимо ҷангу ҷанҷол ва низоъ бармехезад. Аз ин рў ин низоъҳо мо мардуми сарбаланди тоҷикро ҳушдор месозад, ки доимо ҳушер ва зирак бошем. Ҷавононро бо роҳи дурусти хаёт ҳидоят намуда, дар вуҷуди онҳо ҳисси миллӣ, ватандўстӣ, зиракии сиёсӣ ва ватандориву ватандустиро боз ҳам баланд бардорем.
Иттифоқ ва якдилии миллати тоҷик мавриди омўзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои ҷаҳон гардидааст.
Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гўё пандест аз гузаштаи дурру наздики кишвар. Ҳамдилӣ ва истиқлолияти кишварро танҳо бо роҳи Ваҳдат муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор нигоҳ дошта метавонем.
Ба ақидаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кивар, Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар кассе, ки ниҳоле сабзонида бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки реша ба тешаи мо зананд».
Маҳз бо кўшишу ғайрат ва ҷидду ҷаҳди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон миллати парешонгаштаи тоҷик сарҷамъ гардид, кишвари азизамон обод шуд, пешравиҳо ва гул-гул шукуфтанҳои диёри азизамон ҳар лаҳза пеши назар намоён шуда истодааст. Имрўз дар чеҳраи ҳар як фарди тоҷик нишонаи хурсандиву шодӣ, умед ба фардо, ваҳдату сулҳ падидор аст.
Ҷовидон бод Ваҳдати миллӣ, сулҳу суббот, оромиву осудагӣ дар ватани азизамон Тоҷикистон!
Мудири каф. биохимия, н.и.х., дотсент Махсудова М.С.
23.09.2019     757

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php