Тачлили Рӯзи забон дар кафедраи биохимия

Тачлили Рӯзи забон дар кафедраи биохимия

Санаи 05.10.2020 дар кафедраи биохимия дар гурӯхи 25-уми факултети тиббӣ курси дуюм дарси соати тарбиявӣ дар мавзӯи Рӯзи забони давлатӣ бо иштироки дотсент Гулов М.К. ва ассистент Хамроева Х.М. гузаронида шуд. Мавзӯро куратори гурӯҳ ассистент Индираи Абдулсамад кушода ҳозиринро ва дар шахсияти ҳар яки онон тамоми мардуми Точикистонро ба ин ҷашни пурифтихор табрику таҳният гуфта, барои ҳама сихатӣ, солимӣ, пос доштани забони точикӣ ва дар ободонии кишвари азизамон бурдбориҳо таманно намуданд.

Баъдан донишҷӯи ин курс Назаршоева Б. оиди мавзуи Иди забон маъруза намуд. Ӯ кайд намуд, ки забони точикӣ яке аз забонҳои бостонтарини чахон ба шумор рафта ба хонаводаи забонхои хинду аврупои, порсӣ-точикӣ ва порсӣ-дарӣ дар асл фосӣ-порсӣ мебошад, ба забонхои эронӣ дохил мешавад. Давраи нави инкишофи он дар асрхои VII-VIII сар шудааст. Бо ин забон шоирону нависандагони бузург Абуабдуллохи Рудакӣ., Абулкосими Фирдавсӣ., Умари Хайём., Абуали ибни Сино., Абдурахмони Чомӣ., Садриддин Айнӣ ва дигарон асарҳои безавол эҷод кардаанд. Забони точикӣ рӯз то рӯз рушд мекунад ва садҳо вожаҳои нав ба таркиби луғавии забони он ворид мешаванд. Барои ҳамин моро зарур аст, ки бо забони ачдодии худ ба назари эҳтиром нигариста онро пос дорем. Чунки ҳастии ҳар як давлату миллатро аз доштани забон, парчам, нишон ва суруди миллиаш мешиносанд.  

Мудири кафедраи биохимия н.и.х., дотсент           Махсудова М.С.

 Муттасадии корҳои тарбиявии кафедра, ассистент        Индираи А.


08.10.2020     17

Гузариш ба саҳифаи: