Диёри обод

Диёри обод

Дар толори №7 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бо донишҷӯёни курси дуюми факултети тиббӣ, патоки якум оиди мавзӯи “Ободонии шаҳр дар солҳои охир, ва маъракаи интихоботи Президенти ҶТ” бо иштироки мудири кафедраи биохимия дотсент Махсудова Мусалама Солеҳовна, муовинони декани факултети тиббӣ Зуҳуро ва Парвина инчунин Ахмедов Фарҳод машварати кӯтоҳ гузаронида шуд.

Чаласаро мудири кафедраи биохимия дотсент Махсудова Мусалама Солеховна бо суханони ифтитоҳӣ оғоз намуда, оиди ин мавзуъ бо донишчӯён суҳбат гузарониданд. Кайд гардид, ки кишвари аҷдодии мо табиати биҳиштосое дорад, ки пос доштани ҳар як зарра хоки он барои мо қарзи инсонист. Мо бояд ба қадри ин хама зебоиҳои кишвари азизамон бирасем. Ба насли ояндаи худ ин кишвари биҳиштосоро бо ҳама зебогиҳояш ба мерос гузорем. Чи тавре ки ҳамаи мо мебинем, Тоҷикистони азизамон бо заҳмату талошҳои Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯз то рӯз ободу зебо шуда истодааст. Хамаи ин заҳматҳо барои ояндаи неки чавонон мебошанд.

Ҳамаи мо ва бахусус ҷавонон бояд дар маъракаи муҳими сиёсии дар пешистода - Интихоботи Президенти кишвар, ки рӯзи 11-уми октябр баргузор мешавад, бетарафӣ зохир нанамуда, ба тарафдории номзади арзанда овоз дихем. 

Мудири кафедраи биохимия н.и.х. дотсент                  МахсудоваМ.С. 

Муттасадии корҳои тарбиявии кафедра, ассистент          Индираи А

05.10.2020     11

Гузариш ба саҳифаи: