Чорабинӣ бо иштироки устодону донишҷӯён

Чорабинӣ бо иштироки устодону донишҷӯён
Чорабиние, ки ба наздикӣ дар кафедраи биохимия бо иштироки профессорону устодони кафедра ва донишҷӯёни факултети тиббӣ баргузор карда шуд, ба 80- солагии таъсисёбии МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» бахшида шуд. Зимни ифтитоҳи ҷаласа саркуратори кафедра, дотсент Гулов М.Қ ҳозиринро ба ин ҷашни пурифтихор табрику таҳният гуфта, саҳми ин боргоҳи илму маърифатро дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ баланд арзёбӣ кард. Доктори илмҳои биология, профессор Сабурова Анна Мухамадиевна, зикр намуд, ки ман ҳамсоли донишгоҳамон мебошам ва тӯли ин солҳо шоҳиди он ҳастам, ки чӣ тавр ин донишгоҳ сол то сол рушд карда ба ин аояи баланд расидааст. -Ман аз он мефахрам, ки донишҷӯи ҳамин донишгох будам ва дар ҳамин даргоҳи илму маърифат кор ва фаъолият мекунам ва инчунин мефахрам, ки кадрҳои баландихтисоси ин донишгоҳ солҳо боз дар дигар давлатҳо бомуваффақият кору фаъолият мекунанд. Ҳангоми сафарҳоям бо онҳо вохӯриҳо намуда аз бурду бохти донишгоҳ дар даврони истиқлолият ва то имрӯз нақлҳо мекунам,- афзуд А.М.Сабурова. Ғоибова Лейла- донишҷӯи курси дуюми факултети тиббӣ, гурӯҳи 25 марҳилаҳои таърихии Донишгоҳро чунин арзёби намуд: 1939-1940, 1940-1949, 1950-2016, 2016 то имрӯз. Ӯ қайд намуд, ки тибби тоҷик дорои таърихи бой аст, ки сарчашмаҳои пайдоиши он ба давраҳои қадим мепайвандад. Ганҷинаи тибби ҷаҳонро осори табибони давраи қадим ва пеш аз ҳама, Абӯалӣ ибни Сино (асрҳои 10-11) ғанӣ гардонидаанд. Мухамаддиева Шахзода, низ аз ҳамин гурӯҳ ба сухан баромада қайд намуданд, ки дар солҳои мавҷудияти ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино, илми тибби тоҷик ба комёбиҳои назаррас ноил гаштааст. Бисьёр олимони соҳаи тиб нафақат дар ҷумҳурӣ, балки дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ низ шуҳрати беандоза касб карданд. Дар донишгоҳамон бисёр олимони бузург таҳсил карда, боз фаъолияти худашонро дар донишгоҳ давом доданд. Ба монанди, Исҳоқи Юсуф Баширхонович, Ғуломов Минхоҷ Ғуломович, ки саҳми арзандаи худро дар таълиму тарбияи кадрҳои соҳаи тиб гузоштаанд. Мудири кафедра, дотсент М.С. Махсудова зимни суханронӣ зикр кард, ки дар давоми 80 соли сипаришуда, донишгоҳи мо муваффақиятҳои назаррас ба даст оварда, соҳиби обрӯ ва эътирофи баланд гардид. Бо боварии комил метавон гуфт, ки коллективи пурқудрат, муттаҳид ва дӯстонаи МДТ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар оянда низ вазифаҳои дар наздашон истодаро бо шарафмандии калон иҷро менамояд. 
 М.С. Махсудова, мудири кафедраи биохимия, н. и.х., дотсент 
 М.Қ.Гулов, муттасадии корҳои тарбиявии кафедра дотсент
20.01.2020     671

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php