Ҷаласаи кураторӣ дар кафедраи биохимия ба муносибати Рӯзи Модарон

Ҷаласаи кураторӣ дар кафедраи биохимия  ба муносибати Рӯзи Модарон
Ҷаласаи кураториро куратори гурӯҳ Тағаев Алиакбар бо суханони табрикотӣ кушода, қайд намуданд, ки бузургии Зан-Модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Донишҷӯи курси 2-юм Наҷибулло Ятимзод зимни суханронӣ қайд кард, ки мо ворисони аҷдоди шарафманди хеш имрӯз ба сӯи воқеият, бахшидани андешаҳои фарзонагони миллат бо ҳидояти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдом намуда, роҳи пуршараферо дар эҳёи мақоми зан ва модар чун ҳадяи беҳтарини офаридгор дар қаламрави таърих тай намуда истодаем. Албатта, ин роҳи босубот ва бобарор моро ба ҷониби олитарин ормонҳои миллӣ раҳнамун хоҳад буд. Мо ҷавонон бо донишу маҳорати баланди пизишкӣ қавл медиҳем , ки баҳри саломатиии халқу вататани ҷоноҷонамон хизмат мекунем.
М.С.Махсудова, мудири кафедраи биохимия, н.и.х, дотсент
05.03.2020     508

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php