Ҷаласа бахшида ба Рӯзи Артиш

Ҷаласа бахшида ба Рӯзи Артиш
18.02.2020 ҷаласаи куратории кафедраи биохимия бо иштироки гурӯҳи куратории факултети тиббӣ, куратори гурӯҳ Ҳамроева ХМ, мудири кафедра Махсудова М.С., саркуратор дотсент Гулов М.К. бахшида ба 23-феврал Рӯзи Артиши миллӣ баргузор гардид. Ҷаласаро куратори гурӯҳ ассистенти кафедраи биохимия, Ҳамроева Х.М. кушода ҳозиринро ва дар шахсияти ҳар яки онон кулли мардуми
Точикистонро ба ин ҷашни пурифтихор табрику таҳният гуфта, барои ҳама сихатӣ, солимӣ ва дар ободонии кишвар бурдбориҳо орзӯ намуд.
Баъдан донишҷӯи гурӯҳ Шералиева Зарина оиди таъсисёбии Артиши миллӣ маъруза намуд. Ӯ қайд намуд, ки аз таъсисёбии Артиши милли 27 сол пур шуд. Қувваҳои Муссалаҳи ҶТ зодаи истиқлолият буда дар шароити вазнин таъсис ёфта аст. Мақсади асосии давраи авали сохтмони Артиши Миллӣ ин ташкили қувваҳои ҳарбие буд, ки қобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад.
Имрӯз афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳи кишвар бо дарки баланди масъулияти касбӣ вазифаҳои худро содиқона ба ҷой оварда, барои пешгирии ҳар амалу кирдоре, ки амният ва ҳаёти осоиштаи сокинони кишварро зери хатар мегузорад, омода мебошанд. Мо низ донишҷӯёни донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибн Сино дар радифи ҷавонмардони шуҷои Ватан истода бо дониши мукаммали худ дар ҳифзи саломатии омма саҳми арзандаи худро гузошта, баҳри ҳифзи музаффариятҳои истиқлолият қувваи худро дареғ намедорем.
Мудири кафедра дотсент Махсудова Мусалама Солиҳовна ба сухан баромада ҳозиринро дар ин рӯзи фаромӯшнашаванда, бо ин ҷашни таърихӣ, таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуд.
Муттасадии корҳои тарбиявии кафедра, дотсент Гулов М.Қ.
21.02.2020     710

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php