Дастовардҳои кафедра


Кафедра тайи солҳои охир ба як қатор дастовардҳо ноил гаштаст.
Аз он ҷумла, аввалин маротиба китоби «Биохимия» бо забони давлатӣ аз чоп баромад (с.2011). Дастурҳои омоданамудаи устодони кафедра бо забонҳои давлатӣ ва русӣ барои ҳамаи факултетҳо ва бори аввал бо забони англисӣ барои донишҷӯёни хориҷии факултети тиббӣ ва бакалаврҳо (с.2018) нашр гардид. Курси лексия бо забони русӣ (соли 2015) ва бо забони давлатӣ (соли 2020) ба донишҷӯён дастрас гардид.
Ҳангоми гузаронидани дарсҳои биохимия аз кроссвордҳои биохимиявӣ ва албомҳои гуногуни марбут ба мавзӯъҳо истифода мешаванд.

Мукофотҳои кормандони кафедра


1. Доктори илми биология, профессори кафедраи биохимияи МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» Сабурова А.М. дар соҳаи илм ва маориф бо мукофотҳои зерин сазовор гаштааст:
а. Аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо нишони сарисинагии « Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 1987 с;
б. Барои «Комёбиҳои шоён дар кор» - 1989с.
в. Медали «Хизмати шоиста»- 2006с.
г. «85- солагии иттифоқи касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Вазорати Тандурустӣ» - 2019с.
2. Доктори илми биология, профессори кафедраи биохимияи МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» Ҷумаев Б.Б. дар соҳаи илм ва маориф бо мукофотҳои зерин сазовор дониста шудааст:
а. Аз тарафи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорномаи фахрӣ 2011 с
б. Аз тарафи Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони сарисинагии « Аълочии м аориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» - 2015с.;
в. Аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо нишони сарисинагии « Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 2016 с
г. Аз тарафи Комиссияи атестатсионии Академияи табиатшиносии Россия бо унвони фахрии « Арбоби шоистаи илм ва маориф» 2016 с.
3. Номзади илми биология, дотсенти кафедраи биохимияи МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» Гулов Маҳмалӣ Қодирович дар соҳаи илм ва маориф бо мукофотҳои зерин сазовор дониста шудааст:
а. Аз тарафи Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони сарисинагии « Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» -2017с.
4. Номзади илми химия, дотсенти кафедраи биохимияи МДТ « ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» Махсудова Мусалам Солеҳовна дар соҳаи илм ва маориф бо мукофотҳои зерин сазовор дониста шудааст:
а. Аз тарафи Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони сарисинагии « Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» -2019с.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php