Пешгирии сирояти ВНМО дар байни ҷавонон

Пешгирии сирояти ВНМО дар байни ҷавонон

Санаи 28.12.2020с даркафедраи бемориҳои сироятии кӯдаконаи МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» бо иштироки мудири кафедра дотсент, н.и.т., Саидмурадова Г.М., профессори фахрии донишгоҳ Рахматов Н.А., муаллимаи калон Мамадярова М.Г., Фузайлова М.С., ассистентони кафедра Комилов И.А., Чонибеки Р.И., Умарова Г.А., Бобоева З.Р., Маҷонова М.Ҷ., Исоева М.Ф., Додова М., ординатори клиникии кафедра Абдурахимов Д.Р. ва Саидова М. ва донишҷӯёни курси 6-уми факултаи тиббӣ (гурӯҳҳои 28, 30) миниконфронс бахшида ба мавзӯи «Пешгирии сирояти ВНМО дар байни ҷавонон» гузаронида шуд.

Сараввал мудири кафедра н.и.т., дотсент Саидмурадова Г.М. баромад намуда, оиди сирояти ВНМО суханронӣ намудаанд. Баъдан муаллимаи калони кафедра Мамадярова М.Г. баромад намуда, кайд намуданд, ки мутаассифона, имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нафарони гирифтор ба ин беморӣ ба чашм расида, ҳар сол аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати коҳиш додани бемории мазкур тадбирҳои зиёде андешида шудаву татбиқ гардида истодаанд, ки яке аз онҳо ҷиҳати пешгирии ин беморӣ қабул гардидани “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020” мебошад. “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020” барномаи хеле мукаммал буда, тамоми самтҳои мубориза алайҳи ин бемориро дар бар мегирад. Он аз шаш самти афзалиятнок иборат буда, масъалаҳои пешгирии сироят, тестикунонӣ, табобат ва нигаҳбонии беморон, беҳтар намудани заминаи моддию техникӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба онро дар бар гирифтааст. Ҳадафи асосии барнома ин то соли 2020 паст кардани шумораи сироятёфтагон буда, яъне таъсир гузоштан ба он ки дарёфт хеле зиёд шавад ва шумора дар солҳои минбаъда коҳиш ёбад.

Баъдан маърӯза дар мавзӯи: «Пешгирии сирояти ВНМО дар байни ҷавонон» бо забони тоҷикӣ аз тарафи донишҷӯи гурӯҳи 30-и  курси 6 ФТ Турсунзода Саддам тайёр карда шуда ба аҳли нишастагон шунавонида шуданд (аксҳо замима карда шудаанд). 

Мутасаддии кафедра оиди корҳои тарбиявӣ  -  Бобоева З. Р. 

Мудири кафедра н.и.т., дотсент  -  Саидмурадова  Г. М.

 


06.01.2021     563

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php