Таърихи кафедра
Ташкили кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2 бо ташкили факултети педиатрия алоқаманд аст, ки он зарурати тайёр кардани духтурони педиатр барои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба миён гузошта буд.
Аввалин кафедраи педиатрия дар факултети педиатрӣ кафедраи пропедевтикаи бемориҳои кӯдакона буд, ки дар заминаи Беморхонаи клиникии кӯдаконаи рақами 1 ташкил шуда, баъдан ба маҷмааи нав–бинои бемориҳои соматикии кӯдаконаи Беморхонаи клиникии кӯдаконаи № 3 ба номи В.Дяков гузаронида шуд.
Ба мудирии кафедра номзади илмҳои тиб, дотсент ЛЕВИНА ГАЛИНА ЕФИМОВНА 11 майи соли 1959 интихоб гардида буд, ки ба ташкили факултети педиатрӣ қувва, ғайрат ва хизматҳои зиёде сарф кардааст.
Аввалин ассистентҳои кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2 С.М. Кабулова доктори илми тиб, профессор А.М. Миракилова, М. Мухаммадиева, М. Расовская, Е. Немировский буданд. Г.Е. Левина аввалин духтури педиатр буд, ки соли 1953 дар Шӯрои олимони донигоҳи мо дар мавзуи «Вараҷаи коматозӣ дар кӯдакон» рисолаи номзадӣ ҳимоя кард.
Бо афзоиши талабот ба духтурони педиатр дар факултети педиатрия соли 1968 кафедраи нави педиатрия ташкил карда шуд, ки мудири он доктори илмҳои тиб НАДЕЖДИНА ЕКАТЕРИНА АЛЕКСАНДРОВНА интихоб гардид. Ӯ аз Институти илмӣ-тадқиқотии педиатрияи Академияи фанҳои тиббии Россия омада буд.
Е.А. Надеждина шуъбаи кардиологияи кӯдакона, озмоишгоҳи ревматологӣ ва иммунопатологиро ташкил кард, ки самти илмии кафедраро муайян менамуд.
Корҳои илмии кафедра ба проблемаҳои иммуногенези ғайрисироятӣ дар кӯдакони гирифтори бемориҳои гуногуни системавӣ бахшида шуда буданд.
Баъди рафтани Е.А. Надеждина соли 1972, дар заминаи факултети педиатрия кафедраи педиатрия ташкил карда шуд, ки ба донишҷӯёни факултети педиатрияи курсҳои 5 ва 6 таълим медод ва баъдтар кафедраи педиатрия барои субординаторон номида шуд.
Соли 1974 доктори илми тиб, профессор А. Мироқилова мудири кафедраи бемориҳои кӯдакона барои субординаторҳо интихоб карда мешавад.
МИРОҚИЛОВА МУАЗАМА МИРСОБИТОВНА (тав. 09.01.1934, ш. Душанбе – 30.03.2017, ҳамон ҷо), табиби кӯдакон, доктори илмҳои тиб (1986), профессор (1988). мудири кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2 ДДТТ (1974-2004). Аълочии тандурустии ИҶШС, Корманди шоистаи Тоҷикистон (2000).
Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ (1959). Ординатори клиникии кафедраи бемориҳои кӯдакон (1959 -1963), ассистент ва дотсенти кафедраи педиатрия (1963-1974).
Оид ба масоили омӯзиши камхунӣ ва ҳолати гемопоэз дар кӯдакони сокинони пасткӯҳҳо, миёнакӯҳҳо ва баландкӯҳҳо, самари иқлимдармонии кӯдакони гирифтори диққи нафас дар шароити миёнакӯҳ пажӯҳиш анҷом додааст. Натиҷаҳои тадқиқоти ӯ оид ба ташхис, тарзи табобат ва роҳҳои пешгирии камхунӣ дар дармонгоҳҳои кӯдакона ва шуъбаҳои атфоли беморхонаҳои кӯдакони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор доранд.
Дар мавзӯи «Хусусиятҳои морфологии хуни кӯдакони солим ва гирифтори камхунӣ дар шароити баландкӯҳи Помир» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Хусусиятҳои клиникию гематологии анемияи камоҳан дар кӯдакони ноҳияҳои баландкӯҳи Помир» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст.
Муаллифи 130 китобу мақолаҳои илмӣ. Таҳти роҳбарии ӯ 9 нафар рисолаи номзадӣ ва 1 нафар рисолаи докторӣ дифоъ намудаанд.
Бо назардошти зарурати тайёр кардани мутахассисони неонатолог ва бо мақсади беҳтар азхуд намудани усулҳои муосири ташхису табобат бо ташаббуси кафедра барои субординаторҳо – неонатологҳо гурӯҳҳои алоҳида ҷудо карда шуданд.
Соли 1981 дар назди кафедраи педиатрия курсҳои такмили ихтисоси духтурони педиатр барои субординаторҳо ташкил карда шуд, ки дар он номзадҳои илмҳои тиб ассистент шуда кор мекарданд. И.Б. Рыжова ва н.и.т. З.А. Тоҷибоева дар кафедраи педиатрия барои субординаторҳо пайваста корҳои илмӣ мебурданд.
Профессор ва дотсентони кафедраи педиатрия дар солҳои 1980-1985
РЫЖОВА ИРИНА БОРИСОВНА – духтур-педиатр, номзади илмҳои тиб (1973). Пас аз хатми донишкада аз соли 1960 то соли 1964 дар беморхонаи марказии вилоятии райони Колхозобод, аз соли 1964 то соли 1969 дар Беморхонаи Клиникии Ҷумҳуриявии №3 ба сифати ординатор кор кардааст. Аз соли 1969 ассистенти кафедраи педиатрияи госпиталӣ ва соли 1985 ассистенти кафедраи педиатрияи факултети такмили ихтисоси табибон буд. Сармушовир – гематолог, муаллифи 24 мақолаи илмӣ. Духтури категорияи олӣ. Вай дар давраи дар ДДТТ ба ҳайси ассистент кор карданаш худро ҳамчун корманди ҷиддӣ, хоксору меҳнатдуст, муаллими баландихтисос, лектори донишманд ва ташкилотчии хуби раванди педагогӣ нишон дод. Машѓулиятҳо ва лексияҳое, ки бо студентон гузаронида мешуданд, ҳамеша бо маҳорати баланди педагогӣ фарқ мекарданд.
МАНСУРХОҶАЕВА НИСО ТОИРОВНА (19.07.1938, ш. Душанбе – 09. 08. 1990, ҳамон ҷо), табиби кӯдакон, номзади илмҳои тиб (1971), дотсент (1987). Хатмкардаи факултаи педиатрияи ДДТТ (1962). Духтури кӯдакон (1962-1963), ординатори клиникии ДДТТ (1963-1965), ординатори клиникии шуъбаи кӯдаконаи Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии №3 (1965-1968), аспирант (1968-1971) ва ассистенти кафедраи педиатрияи факултавӣ ва госпиталӣ (1971-1987), дотсенти кафедраи бемориҳои кӯдакони №2 ДДТТ (1987-1990).
Муаллифи 40 таълифоти илмӣ. Дар Институти тиббии педиатрияи Ленинград (ҳозира СанктПетербург) такмили ихтисос кардааст.
Аз соли 2004 инҷониб кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2 таҳти роҳбарии доктори илмҳои тиб, профессор Исмоилов К.И. қарор дошт. Дар ин давр асамтҳои асосии илмӣ ба омӯхтани масъалаҳои гематологияи кӯдакона, неонатология, кардиологияи кӯдакона ва пулмонология нигаронида шуда буд.
ИСМОИЛОВ КОМИЛ ИСРОИЛОВИЧ – табиб - педиатр, доктори илмҳои тиб (1994), профессор (2001). Мудири кафедраи бемориҳои кӯдаконаи № 2–и МДТ ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (2004 -2021гг).
Дар натиҷаи гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ муайян намудааст, ки новобаста аз давомнокии давраи ремиссияи бемории лейкемияи шадид, ҳаҷмҳои статикиву динамикии шуш дар доираи меъёр боқӣ мемонанд. Ҳамзамон, дар 1/3 беморони гирифтори лейкози шадид ва лимфагранулематоз фарқияти ҳубобчавӣ-шараёнӣ-нисбат ба оксиген афзоиш меёбад, ки зуҳуроти мазкур аз паст гардидани қобилияти диффузионии шушҳо шаҳодат медиҳад. Муайян карда шудааст, ки дар мавриди табобати комплексии беморони гирифтори гемобластоз ва камхуниҳои апластикӣ, истифода намудани табобати метоболикӣ, ки барои танзими мубодилаи энергия ва нафаскашии дохилиҳуҷайравӣ равона карда мешавад, тавсия дода мешавад. Аз ҷониби профессор Исмоилов К.И. пастшавии қобилияти мутобиқшавии системаи дилу рагҳои хунгард дар беморони гирифтори камхуниҳо муайян карда шудааст. Дар давоми панҷсолаи охир ҷанбаҳои бемориҳои роҳҳои нафас дар кӯдаконро мавриди омӯзиш карор додааст.
«Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2006). Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2012). Муаллифи зиёда аз 320 таълифоти илмӣ мебошад.
Таҳти роҳбарии профессор Исмоилов К.И. 13 нафар рисолаи номзадӣ ва 1 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя кардаанд.
Профессор Исмоилов К.И. ҳангоми супоридани диплом ба иштирокчии конфронсии илмӣ-амалии олимони ҷавони МДТ ДДТТ
ба номи Абуалӣ ибни Сино (2022 с.).
ДАВЛАТОВА СОҲИРА НОЗИРОВНА. Мудири кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2-и МДТ ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино.
Хатмкардаи ДДТТ (1998 с.). Аз соли 2000-ум муаллими коромӯз буд. Аз соли 2003 – ассистенти кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2. Рисолаи номзадиашро таҳти роҳбарии профессор Исмоилов К.И. дар мавзуи: «Имкониятҳои мутобиқшавии системаи дилу рагҳо дар кӯдакони гирифтори камхуниҳо» соли 2009 дифоъ намудааст. Аз соли 2018 то 2021 дар вазифаи дотсенти кафедраи зикршуда фаъолият намудааст. Соли 2021 тариқи озмун мудири кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2 интихоб гардид.
Иштирокчии курсҳои такмили ихтисос ва ҳамчунин анҷуман, семинар ва конфронсҳои байналмиллалӣ в аватанӣ доир ба неонатогия ва педиатрия, аз ҷумла дар Белорусия, Австрия, Эрон, Ҳиндустон, Юнон ва Узбекистон мебошад. Духтури дараҷаи олӣ аст. Муаллифи зиёда аз 200 корҳои илмӣ, 2 пешниҳоди навоварӣ, 9 дастури таълимӣ ва 15 дастурамали таълимӣ-методӣ мебошад.
Бо назардошти фаъолияти пурсамари таълимию илмӣ, ташкилотчигию ҷамъиятии дар боло зикргардида, С.Н. Давлатова аз ҷониби ректори донишгоҳ соли 2024 бо медали ба номи Исҳоқӣ Ю.Б. сарфароз гардидааст.
Иштироки мудири кафедра Давлатова С.Н. ва Володин Н.Н. - д.и.т., профессор, академики Академияи илмҳои ФР (ш.Москва) дар конфронси илмӣ-амалии Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд
Муоинаи бемор аз ҷониби мудири кафедра Давлатова С.Н. дар якҷоягӣ бо мудири шуъбаи кардиоревматологияи кудаконаи беморхонаи «Шифобахш» Маҷнунов А.М. ва ординаторони клиникӣ.
ОЛИМОВА КЛАВДИЯ СЕРГЕЕВНА. Пас аз хатми донишкада солҳои 1979-1981 дар ординатураи клиникии кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2 таҳсил кардааст. Солхои 1981—1986 дар маркази саломатии машваратии кӯдаконаи №3 ба ҳайси духтур-педиатр кор мекард, ҳамон замон котиби комитети комсомолии Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 буд. Аз соли 1986 ҳамчун ассистенти кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2 фаъолият намудааст. Солҳои 1988-1991 дар аспирантураи рӯзона ҳамин кафедра таҳсил мекард. Соли 1992 ба дараҷаи номзади илми тиб ноил шуд. Аз соли 1998 – дотсенти кафедра, солҳои 2000-2003 – муовини вазири Тандурустии Ҷумҳурии Точикистон. Соли 2002 рисолаи докториашро ҳимоя намуд. Солҳои 2003-2007 дар вазифаи профессори кафедраи бемориҳои кӯдакони №2 фаъолият менамуд. Олимова К.С. Аз соли 2007 дар Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрия ва ҷарроҳии кӯдакона кор кардааст. Солҳои 2008-2016 дар вазифаи мудири шӯъбаи неонатологияи ҳамон муассиса фаъолият намудааст. Таҳти роҳбарии профессор Олимова К.С. 5 нафар рисолаи номзадӣ ва 1 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя кардаанд. Муаллифи зиёда аз 300 корҳои илмӣ ва 4 китоби дарсӣ мебошад.
ҲАЙДАРОВ БАРОТ МАХМАТҚУЛОВИЧ (7.02.1958-7.04.2018). Табиб – педиатр, табиби бемориҳои дил ва тарбоди кӯдакона.
Номзади илмҳои тиб (1986), дотсенти кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2 (2001). Дар солҳои 1982 – 1984 дар бахши ординатураи клиникии мақсадноки ПИТ Академияи илмҳои тиббии ИҶШС (ш.Москва) тахсил кардааст.
Соли 1987 рисолаи илмии худро дар муҳлати кӯтоҳ дар мавзӯи: «Хусусиятҳои кардиомиопатияи гипертрофикӣ дар кӯдакон» дар ПИТ Академияи илмҳои тиббии ИҶШС, таҳти роҳбарии д.и.т., профессор Сербин В.И. ва д.м.н., профессор Дворянский А.В. ҳимоя кардааст. Дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2 дар давоми солҳои 1987-1998 ба ҳайси ассистент фаъолият намудааст. Баъдан фаъолияти худро ҳамчун дотсенти кафедра давом дод. Соли 2007 дипломи дотсент гирифта, то рӯзҳои охири ҳаёти худ дар кафедра, дар вазифаи зикршуда фаъолият намудааст.
Ҳайдаров Б.М. муаллифи зиёда аз 150 таълифоти илмӣ ва 11 дастурамали таълимӣ -методӣ бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ мебошад. Соли 2007 китоби дарсии «Детские болезни» (640 саҳифа) ва дар соли 2017 китоби дарсии «Бемориҳои кӯдакона» (800 саҳифа) аз чоп баромаданд.
ТОҶИБОЕВА ЗЕБО АЗИЗОВНА. Номзади илмҳои тиб, дотсенти кафедра аз соли 2003. Дар мавзӯи: «Гемолизи дохилирагии эритроситҳо дар кӯдакону наврасон пеш ва баъд аз амалиётҳои ҷарроҳии ислоҳкунандаи нуқсонҳои модарзодӣ ва дар давоми ҳаёт пайдошудаи дил» рисолаи номзадиашро дифоъ намудааст. Бори аввал дар тадқиқоти худ, ӯ гемолизи дохилирагии эритроситҳоро дар кӯдакону наврасон пас аз протезгузории дарготҳо бо протезҳои механикӣ ва анулопластикаи дарготҳои дил мавриди омӯзиш карор додааст. Дар натиҷаи гузаронидани тадқиқоти мазкур дараҷаҳои гуногуни камхуниҳое, ки дар заминаи гемолизи дохилирагии эритроситҳо пайдо шуда буданд, муайян карда шуд. Бо мақсади пешгирӣ намудани зуҳуроти мазкур тавсия дода шуд, ки протезгузории дарготҳои дил бо маводҳои биологӣ гузаронида шавад.
Ба қалами у якчанд дастурамалҳои таълимӣ – методӣ тааллуқ доранд: «Нуқсонҳои модарзодии дил дар кудакон» (2012), «Хусусиятҳои системаи дилу рагҳо дар кӯдакони гирифтори бемориҳои вазнини шуш» (2005). Зиёда аз 130 таълифоти илмӣ дорад.
Тоҷибоева З.А. бо унвони «Аълочии Тандурустии ИҶШС» сарфароз гардонида шудааст (1987).
Дотсент Тоҷибоева З.А. ҳангоми муоинаи бемор бо донишҷуёни курси 6.
МУБОРАКШОЕВА АЙРИГУЛ (тав. 04. 05. 1942, ш. Хоруғ), номзади илмҳои тиб (1986). Хатмкардаи ИДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (ҳоло ДДТТ; 1965). Мудири шӯъбаи беморхонаи вилоятӣ ва муаллими омӯзишгоҳи тиббии ш. Хоруғ (1965-1970), ординатор (1971-1974) ва ассистенти кафедраи педиатрияи госпиталии ДДТТ(1974-1992), ҷонишини сартабиби беморхонаи вилоятии ш. Хоруғ оид ба ҳифзи кӯдак ва модар (1993-1996), табиби терапевт дар қисми ҳарбии 2022 қӯшунҳои сар ҳадии Федератсияи Руссия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997-2000).
Аз соли 2000 ассистенти кафедраи бемориҳои кӯдакон №2 ДДТТ. Доир ба фаъолияти нафаскашии кӯдакони солим дар шароити баландкӯҳи Мурғоб (3600 м аз с.б.), миёнакӯҳҳои Хоруғ (2200 м аз с.б.), пасткӯҳҳои Душанбе (850 м аз с.б.) пажӯҳиш анҷом додааст.
Дар мавзӯи «Вазъи фаъолияти нафаскашии кӯдакони солим дар шароити баландкӯҳи Помир» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст.
БОБОҲОҶИЕВА ЛОЛА САДРИДДИНОВНА (тав. 27.05.1957, ш. Душанбе), педиатр, номзади илмҳои тиб (1988), дотсент (2002), табиби тахассуси дараҷаи олӣ, Аълочии тандурустии Тоҷикистон (2008).
Хатмкардаи ДДТТ (1980). Табиби интерни Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 (ҳозира Маркази миллии тиббӣ; 1980-1981), табиби минтақавии кӯдакони Дармонгоҳи №10 ш. Душанбе (1981-1983), аспиранти кафедраи таълими бемориҳои кӯдакон (1983-1986).
Оид ба мавзӯи «Аломатҳои клиникии тағйирёбии статуси ферментативии ҳуҷайраҳои хун дар мавриди гипотрофияи кӯдакон» рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.
Ассистенти кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2 ДДТТ (1986-1997), мутахассиси пешбари Пажӯҳишгоҳи экспертиза ва барқарорсозии қобилияти кории маъюбони ҷумҳурӣ (1997-1999), ассистенти кафедраи педиатрия (1999-2000).
Ассистенти кафедраи тибби оилавӣ (2000-2002), дотсент ва иҷрокунандаи вазифаи ҷонишини мудири кафедраи тибби оилавии Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон (2002-2004).
Директори Маркази ҷумҳуриявии ҳамбастагии бемориҳои кӯдаконаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004-2009). Мудири шӯъбаи тандурустӣ, оид ба корҳои занон ва оилаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009-2014).
Ҷонишини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014-2016).
Муаллифи зиёда аз 60 мақолаи илмӣ. Иштирокчии бисёр конфронсу симпозиумҳои байналмиллалӣ.
АБДУЛЛАЕВА НОДИРА ШОМУРАТОВНА. Солҳои 1994-1997 ординатураи клиникро дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2 ДДТТ-ро хатм намуд. Солҳои 1997-2000 дар аспирантураи рӯзонаи ҳамин кафедра дар заминаи
Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 таҳсил мекард. Соли 2000 –рисолаи номзадиашро ҳимоя намуд. Ассистенти кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2 то соли 2007. Аз соли 2014 – дотсент аз рӯи ихтисос. Аз соли 2025-доктори илмҳои тиб.
Аз соли 2009 то 2014 ба ҳайси мудири шуъбаи кӯдакони хурдсоли МД Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрия ва ҷарроҳии кӯдаконаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2014 то имрӯз ходими пешбари илмии муассисаи зикргардида дар заминаи Маркази миллии тиббии “Шифобахш” мебошад. Абдуллаева Н.Ш. муаллифи зиёда аз 180 асари чопшуда, 1 монография, 18 тавсияи методӣ мебошад.
МУҲИТДИНОВА ЗУМРАД АБУБАКРОВНА (тав. 09. 08. 1962, ш. Душанбе), табиби атфол, номзади илмҳои тиб (1991), дотсент (2001), табиби тахассуси дараҷаи олӣ. Хатмкардаи факултаи педиатрии ИДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (ҳоло ДДТТ; 1985). Ординатори клиникӣ (1985-1988) ва аспиранти Пажӯҳишгоҳи педиатрияи АИТ ИҶШС (ш. Москва; 1988-1991), ассистенти кафедраи бемориҳои кӯдакони №2 ДДТТ (1991 – 2001).
Аз соли 2001 дотсенти ҳамин кафедра. Дар мавзӯи «Нақши этиологии сироятҳои омехтаи вирусии дохилибатнӣ дар патологияи перинаталӣ» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст.
Соли 2006 дар Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон аз курси такмили ихтисос гузаштааст. Соли 2020 такмили ихтисоси тахассусиро оиди «Проблемаҳои актуалии бемориҳои кӯдакона» гузаштааст.
Муаллифи зиёда аз 130 мақолаҳои илмӣ ва 25 дастурамалҳои таълимӣ-методӣ мебошад.
ХОҶАЕВА НИКЗАН НАЗАРБЕКОВНА - педиатр - гематолог, номзади илмҳои тиб (2012), дотсенти кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2 –и Муассисаи давлатии таълимии ДДТТ (2022). «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Точикистон» (2022). Муаллифи зиёда аз 110 мақолаи илмӣ, 14 дастури таълимӣ барои донишҷӯёни донишгоҳҳои тиббӣ ва табибон мебошад. Узви ҳакамони Академияи тиббии Тошканд аст. Хоҷаева Н.Н. оид ба мушкилиҳои илмӣ ба монанди камхунӣ ва дигар бемориҳои хуни бачагон, дигар масъалаҳои актуалии педиатрия ва гематология кор кардааст. Дар бисёр конгрессҳо ва конфронсҳои дохиливу байналмилалӣ иштирок ва маърӯзаҳо кардааст , аз ҷумла “Менеҷменти муосир дар гемофилия”, Минск 2018, дар JProect дар PID Остона, 2018, дар “JProect онлайн вебинар оид ба PID ва COVID 19”, Тошкент, 2020. Дар Олимпиадаҳои I ва II Байналмилалӣ, ки тарики онлайн байни донишҷӯёни донишгоҳҳои тибби “Пайравони Ибни Сино” баргузор гардид, Тошканд 2021-2022, дар Конгресси II ва III муштараки NODGO ва РОДО “Мушкилот ва дурнамои рушди онкологияи кӯдакона ва гематология дар Федератсияи Русия, 2021-22, дар конфронси байналмилалии илмӣ-амалии "Технологияҳои муосири табобатӣ ва ташхисӣ дар онкология ва гематологияи кӯдакона", Алма-Ато 2023, инчунин дар Конгресси II гематологхо ва Конгресси I трансфузиологхои Озарбойҷон (Боку) соли 2023 ширкат варзидааст.
Дотсенти кафедра Хоҷаева Н.Н. дар гардиши пагоҳирӯзӣ бо донишҷӯёни курси 5.
ЮСУПОВА МУКАРАМХОН АСЛОНОВНА 2 сентябри соли 1965 дар ноҳияи Ҳисор дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Соли 1984 омӯзишгоҳи тиббии №1 шаҳри Душанберо бо ихтисоси ҳамшираи тиб ба итмом расонид.
Аз соли 1984 то 1987 дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии №3 ба ҳайси хамшираи тиб дар шӯъбаи навзодон фаъолият дошт.
Соли 1987 ба факултети педиатрии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуд ва онро соли 1993 хатм намуд. Солҳои 1993-94 бахши интернатураи клиникиро бо ихтисоси неонатология хатм карда ҳамон сол дар шуъбаи бемориҳои кӯдакони навзод ба ҳайси духтури неонатолог ба фаъолият оғоз намуд.
Аз соли 1998 то соли 2019 дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2 ба ҳайси ассистент ва аз соли 2019 то соли 2023 ба ҳайси дотсенти кафедраи мазкур фаъолияти илмӣ-педагогии худро давом дод.
Дар мавзӯи «Хусусиятҳои клиникию иммунологии сироятҳои омехтаи дохилибатнӣ дар навзодон» соли 2018 рисолаи илмӣ дифоъ намудаааст. Муаллифи 33 мақолаву фишурдаҳо ва 1 дастурамали таълимӣ-методӣ мебошад.
МУҲАММАДНАБИЕВА ФАРИШТА АБДУЛ-РАҲИМОВНА – номзади илмҳоитиб (2017), дотсенти кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2 МТД ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (2023). Муаллифи зиёда аз 65 корҳои илмӣ аст, азҷумла 8 дастури таълимӣ барои донишҷӯён ва табибони факултет ва 22 мақола дар нашрияҳои илмии тақризшавандаи КОА Федератсияи Русия ва ҶТ.
Солҳои 2010-2012 дар магистратура, 2012-2015 дар аспирантураи кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2 МТД ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино таҳсил намудааст.
Соли 2017 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Хусусиятҳои клиникӣ ва иммунологии ҷараёни диатези геморрагӣ дар кӯдакон» аз рӯи ихтисоси 01.14.08 - педиатрия дифоъ кардааст.
Соли 2023 дар ҷаласаи комиссияи байникафедравии экспертии проблемавӣ оид ба акушерӣ, гинекологӣ ва педиатрия МТД «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Дисфунксияи эндотелияи рагҳо дар ҳолати гипер ва гипо-апластикии хунофариниш дар кӯдакон» аз руи ихтисоси 01.14.08 — педиатрия тасдиқ намуд.
Муҳаммаднабиева Фаришта Абдулраҳимовна бо иштирок дар конфронсҳои илмию амалии ватаниву хориҷӣ пайваста тахассуси худро такмилдода, дар курсҳои такмили ихтисоси педагогика «Фалсафаи таълим» (2018), «Омӯзгори самаранок» (2020) ва аз рӯиихтисос «Масъалаҳои актуалии педиатрия» (2022), «Масъалаҳои актуалии пулмонология» (2023), «Гематологияи кӯдакон» (2023) таҳсил кардааст.
Дар Маркази миллии тиббии «Шифобахш» ба ҳайси духтури гематолог кор мекунад.
РАСУЛОВА СИТОРАБОНУ АШУРБЕГОВНА, ассистенти кафедра аз соли 2018, номзади илмҳои тиб (2019), дотсент (2023). Солҳои 2014-2018 лаборанти калони кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2. Рисолаи номзадиро таҳти роҳбарии д.и.т., профессор ИсмоиловК.И. дармавзӯи “Хусусиятҳои клиникӣ-иммунологии дар кӯдакони гирифтори ихтилолоти музмини ғизохӯрӣ”. Муаллифи зиёда аз 35 мақолаҳои илмӣ ва 4 дастури таълимӣ мебошад. Иштирокчии конфронсҳои байналмилаллӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошад. Дотсенти таълимии кафедра мебошад.
Дотcенти кафедра Расулова С.А. бо донишҷӯён
ҳангоми машғулияти амалӣ
ШАРИПОВА МАВЛУДА МИРЗОМУДДИНОВНА. Соли 2014 ордунатураи клиникиро аз рӯи ихтисоси педиатрия тамом кардааст. Соли 2018 аспирантураи рӯзонаро хатм карда, дар мавзӯи “Имкониятҳои адаптатсионнии системаи кардио-респираторӣ дар кӯдакони мубталои астмаи бронхиалӣ” рисолаи номзадиашро дифоъ намудааст (2019). Аз 2018 то 2023 сол ассистенти кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2 буд. Дар соли 2023 ба вазифаи дотсенти кафедра гузаронида шуд. Муаллифи зиёда аз 50 корҳои илмӣ ва 4 дастурамал ва 2 дастури таълимӣ мебошад. Мутасаддӣ оиди корҳои илмӣ ва ҶИД дар кафедра мебошад.
Кормандони кафедра: Юсупова М.А., Шарипова М.М., Расулова С.А., Зайнудинова П.К.
ҶУМАЕВА ЛОЛА ФАХРИДДИНОВНА – номзади илмҳоитиб, педиатр-неонатолог. Азсоли 2003ба ҳайсидухтур-неонатологишуъбаипатологияинавзодони Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекард. Азсоли 2017 - ассистенти кафедраи бемориҳоикӯдаконаи№2-и Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон баномиАбуалӣ ибни Сино» мебошад. Соли 2022 бо роҳбариидокториилмҳоитиб, профессор Исмоилов К.И. дар мавзӯи «Хусусиятҳоиҷараёнватабобатипневмонияибактериявӣдаркӯдаконинавзодвасолиаввалиҳаёт» рисолаи номзадиашро ҳимоя кардааст.
Аз моҳи январи соли 2023 - сармутахассиси соҳавӣ оид ба педиатрияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзииҷтимоии аҳолииҶумҳурииТоҷикистон мебошад. Иштирокчии семинарҳои байналмиллалӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошад, аз чумла дар семинарҳоибайналмилалӣдардавлатҳоиҶопон, Австрия, ҲиндустонваОзарбойҷон иштирок кардааст. Муаллифи 30 мақолаи илмӣ, 2 дастури таълимӣ ва 2 пешниҳоди беҳсозӣ мебошад.
Муоинаи бемори навзод аз ҷониби ассистенти кафедра, н.и.т. Ҷумаева Л.Ф.
МУЗАФФАРОВ ШАМШОД САБОҲАТИЛЛОЕВИЧ — омӯзгори калони кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2, номзади илмҳои тиб (2024), табиби кӯдакона ва навзодон, сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба навзодон (2024).
Соли 2019 бахши ординатураи клиникиро дар заминаи кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2-и МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» хатм намудааст. Таҳти роҳбарии доктори илмҳои тиб, профессор Исмоилов К.И. дар мавзӯи «Ҳолати баъзе нишондодҳои гомеостаз дар кӯдакони навзоди гирифтори сироятҳои дохилибатнии хос» таҳқиқоти илмӣ анҷом дода, соли 2024 дар назди КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи номзадии худро бомуваффақият ҳимоя намудааст.
Малакаҳои касбии худро дар Донишгоҳи тиббии Гратс (2022), Донишкадаи кушодаи Залсбург (Австрия, 2021, 2022), Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва педиатрии ба номи В.И. Кулаков (Москва, 2021, 2025), Офиси минтақавии GIZ (2025), Маркази миллии солимии кӯдакони Федератсияи Россия (Москва, 2025), Офиси Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (2023), Ассотсиатсияи педиатрҳои Авруосиё (Бишкек, 2025) ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (2021) такмил додааст.
Айни замон машваратчӣ ва тренери байналмилалии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилоти GIZ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад.
Ҳаммуаллифи дастурамали миллӣ оид ба ғизои кӯдакони бемор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, стандарти миллӣ оид ба табобати синдроми вайроншавии нафаскашӣ дар кӯдакони навзод ва барномаи мобилии «Таваллуди бехатар» мебошад. Дар конфронсҳо, симпозиумҳо ва мизҳои мудаввари илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Федератсияи Россия оид ба масъалаҳои гуногуни соҳаи неонатология маърӯза ва суханронӣ намудааст.