“Рӯзи Артиши Миллии Тоҷикистон”

       Рӯзи 23 феврали соли 2021 аз ҷониби ассистенти кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Давлатов С.Т. ва донишҷӯёни бахши 6 гуруҳи 62 Кароматова Юлдузхон конфронси тарбиявӣ бахшида ба “Рӯзи Артиши Миллии Тоҷикистон” гузаронида шуд. Дар чорабинӣ мудири кафедра, д.и.т., профессор Исмоилов К.И., досентони кафедра: Тоҷибоева З.А., Мухитдинова З. А., Давлатова С. Н., омӯзгорон: Ходжаева Н. Н., Юсупова М. А., Мухаммаднабиева Ф. М., Расулова С.А., Шарипова М.М. Курбонов Н. М., Давлатов С. Т., Джумаева Л. Ф., Зайниддинова П. К., мудирони шӯъбаҳои кӯдакона: Маҷнунов А. Н., Шарипов Ш. О., Каримов Р. А., Зарипов А. Ш., Боймирзоев А. Х., Шамсуллоев И. С. ва Одинаев С. , духтурони шӯъбаҳои кӯдакона, духтурони интерн, ординаторон ва донишчӯёни курси 5 ва 6 иштирок намуданд.

        Ҷаласаро мудири кафедра, д.и.т., профессор Исмоилов К. И. ифтитоҳ намуда, ҳаммаи омӯзгорон ва донишҷӯёнро бо ин муносибат табрику таҳният гуфт. Пас аз таманниёти нек ва орзумандии мувафаққиятҳои тоза ба тоза суханро ба донишҷӯён дод. Дар маъруза оид ба таърихи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муваффақиятҳои он сухан рафт.

        Дар поёнӣ чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯён ва духтурони толор савол-ҷавобҳо хело бардавом буданд. Инро ба инобат гирифта, ҳамагон ба чунин қарор омаданд, ки чунин чорабиниҳо дар кафедра ҷоннок карда шаванд.

Мудири кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2, д.и.т., профессор Исмоилов К. И.

Мутасадди оид ба корҳои тарбиявӣ, н.и.т. Мухаммаднабиева Ф. А.

26.02.2021     467

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php