НБО-и Роғун-умедбахши рӯзгори мардум

НБО-и Роғун-умедбахши рӯзгори мардум

Дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2-и ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино бахшида ба мавзӯи “НБО-и Роғун-умедбахши рӯзгори мардум” ҷаласаи тарбиявии ғайринақшавӣ баргузор гашт. Дар он мудири кафедра - д.и.т., профессор Исмоилов К. И., досенти кафедра - Давлатова С. Н., омӯзгорон - Ходжаева Н. Н., Юсупова М. А., Мухаммаднабиева Ф. М., Шарипова М.М., Курбонов Н. М., Давлатов С. Т., Джумаева Л. Ф., Зайниддинова П. К., Нуралиева Г.М., мудирони шӯъбаҳои кӯдакона - Маҷнунов А. Н., Шарипов Ш. О., Каримов Р. А., Зарипов А. Ш., Боймирзоев А. Х., Шамсуллоев И. С. ва Одинаев С., духтурони шӯъбаҳои кӯдакона, духтурони интерн, ординаторон ва донишчӯёни курсҳои 5-ум ва 6-ум иштирок доштанд.

        Ҷаласаро мудири кафедра, д.и.т., профессор Исмоилов К. И. кушода эълон намуда, суханро ба Фозилов Р. донишҷӯи курси 5-уми факултети тиббӣ, гӯрухи 47 дод. Маърӯза дар мавзӯи таърихи дирӯз ва имрӯзи НБО-и Роғун буда, бо призентасияи аксҳои таърихиву муосири неругоҳи мазкур намоиш дода шуд. Инчунин дар маърузаи мазкур аз гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ва саҳми ӯ дар бунёди ин неругоҳи азим ёдовар гардид.

        Дар ҷамъбаст мудири кафедра д.и.т., профессор Исмоилов К. И. суханҳои миннатдории худ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Рахмон ва ҳозирин изҳор дошт.

        Дар хотима ҷиҳати ҷоннок гардонидани чорабиниҳо дар ин самт пешниҳод қабул гардид.

Мудири кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2, д.и.т., профессор Исмоилов К. И.

Мутасаддӣ оид ба корҳои тарбиявӣ, н.и.т. Муҳаммаднабиева Ф.А.

12.02.2021     349

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php