Муқаддасоти миллии Тоҷикистон

Мувофиқи ҷадвали корҳои ғайринақшавӣ кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2 ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино бахшида ба мавзӯи “Муқаддасоти миллии Тоҷикистон” ҷаласа баргузор намуд, ки дар он мудири кафедра - д.и.т., профессор Исмоилов К. И., досенти кафедра - Давлатова С.Н., омӯзгорон: Ходжаева Н. Н., Юсупова М. А., Мухаммаднабиева Ф. М., Курбонов Н. М., Давлатов С. Т., Джумаева Л. Ф., Шарипова М. М., Зайниддинова П.К., мудирони шӯъбаҳои кӯдакона: Шарипов Ш. О., Маҷнунов А. Н., Зарипов А. Ш., Шамсуллоев И. С., Боймирзоев А. Х., Саъдуллоев Р. С., Одинаев С., духтурони шӯъбаҳои кӯдакона, донишчӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ, ординаторони клиникӣ ва интернҳо иштирок карданд.

Аз ҷониби ассистенти кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2 ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Муҳаммаднабиева Ф.А. ва донишҷӯёни курси 6-ум, гурӯҳи 62 Марупов Сафаралӣ конфронси тарбиявӣ бахшида ба “Муқаддасоти миллии Тоҷикистон” гузаронида шуд. Муқаддасоти миллат дар эҷодиёти шоирони тоҷик мавқеи хоса дорад. Доир ба гиромидошти он навиштаҳои зиёде рӯи кор омада, саҳифаи даврони Истиқлолияти мамлактро зиннат додаанд. Оид ба Парчами миллӣ -нишонаи озодии миллат, ифодаи рангҳои Парчами миллӣ, Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,ифодаи ранг ва тасвирҳои он: тоҷ, офтоб, кӯҳҳо, хӯшаҳои гандум, китоб ва курсӣ, ки бо зарҳал тасвир ёфта, появу баргҳои ниҳолҳои пахта сабз, рахҳои тасмаҳо сурх, сафед ва сабз, муқоваи китоб сурх аст, бори дигар маълумот дода шуд. Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 1993 пазирӯфта шуда, Конститутсия - санади тақдирсози миллат, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Забон ва пули миллӣ низ ба мисли рамзҳои давлатӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ шинохта мешаванд. Бар рӯи пулҳои сомонӣ чеҳраи бархе аз бузургони донишу фарҳангу кишвардории тоҷикон нақш ёфтааст. Масалан, рӯи пули 100-сомонӣ чеҳраи Исмоили Сомонӣ нақш ёфта, рӯи дигар пулҳо бо чеҳраи Абӯабдуллоҳ РӯдакӣАбӯалӣ ибни СиноМир Сайид Алии ҲамадонӣСадриддин АйнӣМирзо ТурсунзодаБобоҷон Ғафуров ороста шуда аст. Қайд кардан зарур ва ҳатмист, ки мо бояд ба ҳамаи ин муқаддасот арҷгузор бошем ва пос дорем. 

Мудири кафедра, д.и.т., профессор  -  Исмоилов К. И.

Мутасадди оид ба корҳои тарбиявӣ, н.и.т.  -  Мухаммаднабиева Ф.А.

18.03.2021     1179

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php