Китобҳои Сарвари давлат

Мувофиқи нақшаи кори тарбиявӣ дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2 ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино бахшида ба мавзӯи: “КИТОБҲОИ ҶАНОБИ ОЛӢ” аз ҷониби ассистенти кафедра н.и.т. Мухаммаднабиева Ф.А. ва донишҷӯи бахши 6-ум, гурӯҳи 62 Имомназаров Дилшод конфронси тарбиявӣ гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ мудири кафедра - д.и.т., профессор Исмоилов К.И., досенти кафедра - Давлатова С.Н., омӯзгорон: Ходжаева Н. Н., Юсупова М. А., Мухаммаднабиева Ф. М., Курбонов Н. М., Давлатов С. Т., Джумаева Л. Ф., Шарипова М. М., Зайниддинова П.К., мудирони шӯъбаҳои кӯдакона: Шарипов Ш. О., Маҷнунов А. Н., Зарипов А. Ш., Шамсуллоев И. С., Боймирзоев А. Х., Саъдуллоев Р. С., Одинаев С., духтурони шӯъбаҳои кӯдакона, донишчӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ, ординаторони клиникӣ ва интернҳо ширкат варзиданд.

Чорабиниро мудири кафедра, д.и.т., профессор Исмоилов К. И. кушода эълон намуда, зимоми суханро ба маърӯзачӣ дод. Дар ҷаласа оид ба китобҳои Чаноби Олӣ ва ба кадом мавзӯъҳо бахшида шудаани онҳо сухан рафт. Китоби аввалини Сарвари давлат – “Тоҷикон дар оинаи таърих” буда, дигар китобҳои Чаноби Олӣ “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат”, “Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ”, “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ”, “Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад”, “Наврӯз-шиносномаи миллат”, Чеҳраҳои монданигор”, “Забони миллат - Ҳастии миллат”, Уфуқҳои истиқлол” мебошанд.

Дар хотима ҷиҳати азхудкунии китобхои Чаноби олӣ баромадҳои кардашударо ба инобат гирифта, дар ин самт ҷоннок намудани чорабиниҳо дар кафедра ба қайд гирифта шуд. Аз ҷумла пешниҳод гардид, ки ба хондани китобҳои Чаноби олӣ ва дигар адабиёти бадеӣ ҳатман эътибор дода шавад. 

Мудири кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2, д.и.т., профессор  -  Исмоилов К.И. 

Мутасаддӣ оид ба корҳои   тарбиявӣ, н.и.т.  -  Муҳаммаднабиева Ф.А.

18.03.2021     451

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php