ДАР ХОБГОҲИ №7

Рӯзи 6-уми апрели соли 2021 ассистенти кафедраи Бемориҳои кӯдаконаи №2 Намозов Д.Б. дар хобгоҳи №7 аз соати 18:00 то 20:00 навбатдор буд.

Дар хобгоҳ донишxeён баъд аз таҳсил ҳозир буданд. Қисме аз донишҷӯён дар китобхонаи хобгоҳ ба тайёр намудани дарсҳои худ машғул буданд. Қайд кардан зарур аст, ки дар китобхонаи хобгоҳ барои дарстайёркунӣ шароит хуб фароҳам оварда шудааст. Қисми дигари толибилмон бошанд хӯроки шом омода менамуданд.

Муаллими навбатдор Намозов Д.Б. бо донишҷӯён дар мавзуи “Этика ва деонтологияи табиби кӯдакона” сӯҳбат намуд. Донишҷӯён мулоҳизаҳои худро доир ба мавзӯъ баён карданд. Ҳамзамон оид ба одобу интизом, тозаю озода нигоҳ доштани ҳуҷраҳо, тарзи дурусти либоспӯшӣ сӯҳбат ороста шуд.

Дар вақти навбатдорӣ ягон қонунвайронкунӣ аз тарафи донишҷӯён дида нашуд.

Мудири кафедраи «Бемориҳои кӯдаконаи №1» н.и.т., досент Мамадҷонова Г.С.     

Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ Ҳотамова М.Н.

 

08.04.2021     398

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php