Чорабинии наврӯзӣ
20 марти соли 2020 дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи № 2 чорабинии фарҳангии таблиғотӣ дар мавзӯӣ “Ҷашни Наврӯз !” гузаронида шуд. Дар аввали чорабинӣ ассистенти кафедра Алишерова Н.А суханронӣ намуданд, ки “ Наврӯз яке аз қадимтарини идҳои ориёист. Ривоят аст, ки ин ҷашнро Ҷамшед асос гузоштааст. Ин ҷашн дар моҳи аввали баҳор, ки Фарвардин ном дорад , баргузор мешавад. Дар ин рӯз офтоб ба хатти устувор меояд ва шабу руз баробар мешаванд. Рӯзи якуми Фарвардинро рӯзи якуми баҳор –саршавии киштукор , бедоршавии табиат,олами наботот, такмили дунёи нав медонистанд.
Сипас донишҷӯёни курси 4 ФТ гурӯҳи 73 бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Дар охир ба донишҷӯён оиди ин мавзӯъ саволҳо дода шуд. Муаллимон ва донишҷӯён фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
Мудири кафедра н.и.т., досент Мамадҷонова Г.С.
Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ ассистент Ҳотамова М.Н.
20.03.2020
666