Ҷашни Наврӯзи Аҷам

Рӯзи 17 март соли 2021 аз ҷониби ассистенти кафедра ДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино Давлатов С. Т. ва ординатори клиникӣ 1 соли хониш Маджидова М.Б. конфронси тарбиявӣ бахшида ба: “Ҷашни Наврӯзи Аҷам” гузаронида шуд. Ҷаласаро мудири кафедра, д.и.т., профессор Исмоилов К. И. кушода эълон кард ва суханро ба ординатори клиникӣ 1 соли хониш Фирузова Фарзона дод. Маърӯза дар бораи таърихи Наврӯзи ҳуҷастапай, расму ойинҳои таркиби он, ҷашнгирии Наврӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон а дар ҳар як оила пурра дарҷ ёфтааст. Наврӯз аз маъруфтарин ва маҳбубтарин чашнҳои мардуми тоҷик ва дигар эронитабор ба шумор меравад. Наврӯз-ҷойи вохӯрӣ ва муносибати мардум, ҷое, кӣ хам зану мард ва ҳам пиру ҷавон гирд меоянд, шодию хурсандӣ мекунанд, лаззати эстетикӣ мебаранд, ёдоварӣ аз гузаштагон менамоянд ва пайванди худро бо табиат баён мекунанд. Пас аз анҷом расидани маъруза фикру-мулоҳизаҳо ва суханҳои табрикотии иштирокчиён шунида шуд. Дар ҷамбаст мудири кафедра д.и.т., профессор Исмаилов К. И. ба ҳаммаи ҳозирони муҳтарам суханҳои табрикоти бо Иди Наврӯз баён карданд ва мувафаққиятҳои хело зиёд орзу намудаанд ва чунин қарор қабул карда шуд: Баромадҳои карда шуда ба инобат гирифта, Иди Наврӯз ҳамчун иди миллӣ ҳар сол дар самти кафедра қайд карда шавад.

Мудири кафедра, д.и.т., профессор  -  Исмоилов К. И.

Мутасадди оид ба корҳои тарбиявӣ, н.и.т.  -  Муҳаммаднабиева Ф.А.

29.03.2021     426

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php