Фаъолияти таълимӣ


Заминаи клиникии кафедра дар бинои 11-и МД ММТ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир буда, барои 211 кат пешниҳод карда шудааст. Фаъолияти табобативу ташхисӣ аз ҷониби номзади илмҳои тиб Давлатов С.Т. роҳбарӣ карда мешавад. Дар базаи клиникии кафедра шӯъбаҳои кардиоревматологи, гематологи, бемориҳои кӯдакони навзод, пульмонологи, бемориҳои кӯдакони ширмак ва муолиxаи интенсивию эҳёгари фаъолият доранд.
Заминаи табобатии кафедра бо чунин асбобҳои табобативу ташхиси таҷҳизонида шудааст: кувез (5 дона), электроотсос (7), оксигенатор (4), қуттичаи оксигени (4), халтачаи Амбу (6), ларингоскоп (4), асбоби вентилятсионии сунъии шуши (4), сeзанҳои Кассирский.
Дар базаи клиникавӣ шӯъбаҳои ташхиси функсионали, ки бо ЭКГ, асбоби ултрасадо ва ЭЭГ муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва инчунин шӯъбаи рентгенологӣ фаъолият дорад. Таҳлили сохтори фавтияти кӯдакони бемор нишондод, ки таrрибан 75% навзодон дар муҳити хона ва аз занҳои дорои анамнези акушерии вазнин таваллуд шудаанд. Зиёда аз 50% кӯдакони навзод гирифтори сироятҳои дохилибатнии гуногун буданд, ки бар замми он осеби вазнини СМА ҳамроҳ шудаанд.
Таҳлили фавтияти кӯдакон дар шӯъбаи муолиxаи интенсивb-э{ёгарb нишондод, ки дар 50% беморони дер муроxиатшуда, аллакай таuирот{ои бартарафнашавандаи метаболитикb вуxуд доштанд. Сабабҳои фавтияти кӯдакон дар шӯъбаи гематологи бемориҳои системавии онкогематологи мебошад.
Дар кафедра хар хафта конференсияхои клиники гузаронида мешаванд. Махсусан барои тайёрии корҳои мустақилонаи донишҷӯён оиди машғулиятҳои амали, ҳал намудани вазифаҳои ситуатсиони ва навбатдори намудан дар клиника аҳамияти калон дода мешавад.

Руйхати ҳуҷҷатҳо




Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php