Таърихи сохтор


Кафедраи бемориҳои кӯдаконаи факултети тиббӣ соли 1941 таъсис ёфта, аввалин мудири он профессор С.Я.Шаферштейн буд, ки таҷрибаи бойи педагогӣ ва илмӣ- таҳқиқотӣ дар соҳаи педиатрия дошт. Ассистентҳои аввалини кафедраи бемориҳои кӯдакона Г.Е.Левина, Н.А. Андреева, Н.П. Опекунова буданд. Беморхонаи клиникии кӯдаконаи №1 чун пойгоҳи клиникии кафедра хизмат мекард. Корҳои илмӣ-таҳқиқотии кафедра ба омӯзиши бемориҳои авитаминоз, рахит ва табларза бахшида шуда буданд.
Аз ҷониби профессор С.Я. Шаферштейн соли 1942 ҷамъияти табибони бемориҳои кӯдакона таъсис дода шуд, ки аввалин раиси он С.Я Шаферштейн ва муовини ӯ ассистент Г.Е.Левина буданд.
Аз солҳои 1945 то 1953 мудирии кафедра ба зиммаи профессор С.Ф. Широков буд. Бештар дар мавзӯъҳои сабабҳои афзоиши беморшавӣ ва марги кӯдакони навзод, табларза, бемориҳои рӯда, илтиҳоби шуш таҳқиқотҳои илмӣ гузаронида шуданд. Дар ин давра (1947) С.Ф.Широков рисолаи докториро дар мавзӯи: «Хусусиятҳои клиникии табларзаи кӯдакон», дотсент Г.Е. Левина номзадии илмии худро дар мавзӯи: «Табларзаи коматозӣ дар кӯдакон» ҳимоя намуданд.
Аз соли 1953 то 1963 мудири кафедраи бемориҳои кӯдаконаи факултети тиббӣ профессор В.С. Вайл буд. Аз ҷониби В.С. Вайл соли 1954 бори нахуст дар ҷумҳурӣ субординатура оид ба педиатрия ва ординатураи клиникӣ ташкил дода шуд, ки иқдоми мазкур барои беҳтар гаштани сифат ва зиёд шудани кормандони соҳаи педиатрия. Аз ҷониби ӯ беш аз 80 корҳои илмӣ, аз ҷумла монографияи «Яке аз асосгузарони педиатрияи илмӣ Н.П.Гудобин» ба табъ расид. Зери роҳбарии ӯ як қатор омӯзгорон ва сарварони муассисаҳои кӯдакона, аз ҷумла С.М. Кабулова, А.М. Мироқилова, М.М. Яқубова, Н.П. Преображенская, О.В. Перевозчиков, М.Ш Муҳаммадиева, Л.В. Вайл, Р.Е. Бронштейн ва дигарон тайёр карда шуданд.
Аз соли 1963 то соли 1984 профессор Яқубова М.М мудири кафедраи бемориҳои кӯдаконаи факутлети тиббӣ буд. Бо сарварии ӯ коллективи кафедра ба омӯзиши бемориҳои гломерулонефрит ва пиелонефрити кӯдакон машғул шуд. Соли 1972 М.М. Яқубова дар мавзӯи «Этиология, патогенез ва ташхиси гломерулонефрити кӯдакони Тоҷикистон» рисолаи докторӣ ҳимоя намуд. Бо кӯшиши ӯ кадрҳои зиёди илмӣ-педагогӣ ба монанди А.В. Первеозчикова, Р.И. Раупова, Р.З. Габитова, В.М. Колоскова, И.И. Губерман, Ф.А. Измайлова ва дигарон тарбия ёфтанд. Солҳои 1984 -1987 мудирии кафедраро дотсент О.В. Первеозчикова ва аз соли 1988 то соли 1995 профессор А.Р. Раупова ба уҳда доштанд. Зери роҳбарии ӯ коллективи кафедра омӯзиши “Бемориҳои гурда дар кӯдакон”-ро идома дода, аспирант Л.И. Бабаева рисолаи номзадии худро ҳимоя намуд.
Профессор С.М. Кабулова аз соли 1996 то 2002 мудири кафедраи бемориҳои кӯдаконаи факултети тиббӣ ва педиатрӣ буд. Ӯ аз соли 1969 то 1974 вазифаи мудири кафедраи пропедевтикаи бемориҳои кӯдакона, аз соли 1974 то 2002 мудири кафедраи педиатрияи госпиталӣ ва аз соли 1995 то 1999 мудирии кафедраи бемориҳои кӯдаконаи факултети тиббиро иҷро менамуд. С.Л. Кабулова рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Хусусиятҳои раванди гломерулонефрити кӯдакони навзод дар шароити иқлими хушк ва гарми Тоҷикистон», соли 1981 рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Хусусиятҳои раванди бемориҳои стафилококки кӯдакони навзод дар шароити иқлими хушк ва гарми Тоҷикистон»-ро ҳимоя намуд. Ӯ аъзо ва ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои «Здравохранение Таджикистана» ва «Педиатрия» мебошад. С.М. Кабулова аз соли 1984 то 2002 раиси ҷамъияти бемориҳои кӯдаконаи Тоҷикистон таъйин гардид . Аз ҷониби ӯ беш аз 217 корҳои илмӣ оид ба масъалаҳои муҳими педиатрия ба табъ расидааст. Бо сарварии ӯ 3 маҷмӯаи илмии кафедра дар мавзӯи Инфексияи фасодӣ-септикӣ дар кӯдакон ва 7 дастури методӣ, тавсияҳои методӣ дар мавзӯи зикршуда барои табибони клинисист ҳамчунин пешниҳодот ва 25 татбиқи ҷорикунии усулҳои нав чоп шудаааст. 14 дастури методӣ доир ба неонотология барои донишҷӯёни донишгоҳои тиббӣ ба табъ расидааст. Зери роҳбарии С.М. Кабулова 5 рисолаи докторӣ (Ш.Ф. Отабекова, Г.С. Мамаджанова, А.Г. Нестеренко, Т.Ф. Голубых, Х.Дж.Аминов) ҳимоя шудааст.
Солҳои 1941-1945 мудири кафедраи бемориҳои кӯдакона доктори илмҳои тиб профессор Шаферштейн С.Я буд
Солҳои 1945-1953 мудири кафедраи бемориҳои кӯдакона доктори илмҳои тиб профессор С.Ф. Широков буд.
Солҳои 1953-1963 мудири кафедраи бемориҳои кӯдакона доктори илмҳои тиб профессор В.С. Вайл буд.
Солҳои 1963-1984 мудири кафедраи бемориҳои кӯдаконаи факултети тиббӣ доктори илмҳои тиб профессор М.М. Якубова буд.
Солҳои 1984-1987 мудири кафедраи бемориҳои кӯдаконаи факултети тиббӣ дотсент Перевозчикова О.В буд.
Солҳои 1987-1995 мудири кафедраи бемориҳои кӯдаконаи факултети тиббӣ доктори илмҳои тиб профессор А.Р. Раупов буд.
Аз соли 1995 то барҳамхӯрии факултети тиббӣ вазифаи мудирии кафедраро доктори илмҳои тиб профессор С.М. Кабулова ба уҳда дошт. Ҳамзамон бо сабаби дубора ташкилшудани кафедраи педиатрия ва ташкил гардидани факултети умумитиббӣ то соли 2001.
Аз соли 2001 то 2003 мудири кафедраи бемориҳои кудаконаи №1 дотсент Аминов Ҳ.Ҷ. буд.
Аз соли 2003 то 2008 мудири кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 доктори илмҳои тиб, профессор Якубова З.Х. буд.
Аз моҳи сентябри соли 2008 мудири кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 доктори илмҳои тиб Аминов Ҳ.Ҷ. буд.
Аз моҳи сентябри 2015 мудири кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 доктори илмҳои тиб, профессор Додхоев Ҷ.С буд.
Аз моҳи сентябри 2016 мудири кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 номзади илмҳои тиб, дотсент Мамадҷонова Г.С таъйин шуд.

Гузариш ба саҳифаи: