Рӯзи Модарон!

Рӯзи Модарон!

Дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 чорабинии фарҳангӣ-таблиғотӣ дар мавзӯӣ “8-уми март – Рӯзи Модарон!” гузаронида шуд, ки дар он мудири кафедра н.и.т., дотсент Мамадҷонова Г.С., Қобилова Б.Ҳ, Самиева Н.Ш., ассистентон Ҳотамова М.Н., Бадалова З.А., Маҳмудова М.М., Бақоев Ф.С., инчунин донишҷӯёни курси 4 ФТ гурӯҳҳои 17,18,19,20 ва 21 ширкат доштанд. Чорабиниро ассистенти кафедра Алишерова Н.А. оғоз намуда, афзуд: “Модар қимматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор ва ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз, мехри модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Оғӯши гарми модар, канори сояи пурмеҳри модар ин аст дабистонии кудакии хар як инсон. Модар бузур аст ва дар назди Офаридгор мақоми волое дорад. Шояд хамин бузургӣ ва воломақомии Зан – Модар аст, ки абармардони олам - шоҳон, шоирон, ва олимону орифони машҳури сайёра назди хидмати модар сари таъзим фуруд овардаанд. Дар вокеъ, модар бузург аст, модар фаришта аст, модар устоди аввалини хубиҳову некихои ашхос аст. Модар гуле аст, ки зиндагониямонро пуртаровату сернакҳат мегардонад. Модар баҳори бехазони хонадон ва меваи пурбори фарзандон аст. Модар биҳишти ҷовидонест, ки мо фарзандон дар он ҳидояту хубиҳо ва некиву зебоиро мебинему меомӯзем. Модар фариштаи поку беолоиш ва махлуқи ягонаест, ки бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигараш сайёраро такон медихад. Модар сарчашмаи зиндагонист. Чашмае ки бо нӯшидан тамом нахохад шуд, чашмае ки аз нӯшидани он ҳаловат мебарем. Модар, бо ин ҳама бузургиву манзалатат хоки поят мешавем. Қудуми биҳиштиатро мебӯему мебӯсем. Ту бузург хастӣ модар, модари тоҷик! Туро то абад дӯст медорему эҳтиром мекунем!

Идатон муборак Модарони биҳиштиву беназирамон. Баҳри мо дуои нек кунед, зеро мо бо дуои пурхайри шумо зиндаву саломат ҳастем”

Сипас донишҷӯёни курси 4 ФТ гурӯҳи 20 бо маърӯзаҳо баромад намуданд. Донишҷӯ Холмоминов Исмоил бо призентатсия баромад карда, қайд намуд, ки Модар барои хар як инсон азизтарин кас аст. Модар чароғи нурбахшу сафобахши ҳар як хонадон, ганҷи бебаҳо ва фариштаи илоҳиест барои фарзанд. Модарон арзандаи хама гуна эҳтирому дӯстдорианд, зеро меҳрубонтарин инсонҳои оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда. Новобаста ба сину сол навозишҳои дастони модар беҳтарин истироҳат аст, барои фарзанд. Чун зан - модар худ гул аст, хар ҷойе ки қадам мениҳад, онҷо гулу гулзор мешавад.

       

     Дили модар чу дарёи равон аст,

        Чаҳони меҳри модар бекарон аст.

            Сано бодо Мухаммадро, ки гуфтаст,

           “Биҳишт зери қудуми модарон аст”. 

        

Дар фарҷом муаллимон ва донишҷӯён фикру мулоҳизаҳои худро баён намуда, дар васфи модар аз ашъори шоирон шеърҳо қироат карданд. 

Мудири кафедра н.и.т., досент Мамадљонова Г.С.

Мутассадӣ оид ба корҳои тарбиявӣ, ассистент Ҳотамова М.Н.

09.03.2021     479

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php