Омӯзиши асарҳои Пешвои миллат – роҳ ба сӯи ояндаи дурахшон

Омӯзиши асарҳои Пешвои миллат – роҳ ба сӯи ояндаи дурахшон

Санаи 04.04.2021 дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 бо роҳбарии ассистенти кафедра Ҳотамова М.Н. ва донишҷӯёни курси 4 ФТ гурӯҳи миниконфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Омӯзиши асарҳои Пешвои миллат – роҳ ба сӯи ояндаи дурахшон» баргузор гардид. Бо маъруза донишҷӯи курси 4 Исрофилова Сабрина баромад карда, зикр намуд, ки мавқеи асарҳои Пешвои миллат дар ҷодаи тарбияи ҷавонон таъсири назаррас дорад.

Махсусан, асарҳои таърихии Пешвои миллат оид ба таърихи тамаддун, забон ва шахсиятҳои мондагори таърихӣ дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон нақши басо бузургу шоиста доранд. Яке аз ин гуна асарҳо “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” мебошад, ки дар он таъриху тамаддуни ниёгони ориёии мо то истилои араб дар заминаи манбаъҳои боэътимоди таърихӣ ва тадқиқотҳои пурмуҳтавои олимони ватанию хориҷӣ ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст. Асар фарогири масоили таърихӣ, сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии қавми ориёинажоди Осиёи Марказӣ дар робита бо таърихи тамоми эрониён мебошад. Омӯзиши ин асар дар мавриди тарбияи ҷавонон ва дар ниҳоди онҳо густариш додани худшиносии миллӣ, ватанпарвариву ваҳдатгароӣ беназир аст.

Китоби дигари Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Чеҳраҳои мондагор” низ дорои арзиши баланди илмиву таърихӣ ва аҳамияти бузурги тарбиявӣ мебошад. Китоби мазкур ифодагари таърихи пурғановати тоҷик мебошад. Муаллиф дар бораи ҳаёт ва фаъолият, ҳамчунин фидокориву ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаву далери миллати хеш тадқиқоти ҷолиб бурда, дар ниҳоди хонанда, хосса ҷавонони Ватан, эҳсоси худшиносӣ, худогоҳӣ ва ватандориро такмил медиҳад. Китоб армуғони маънавии Пешвои миллат бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон буда, як бори дигар собит месозад, ки эътиқоду эътимоди Сарвари кишвар ба таърих, адабиёт ва фарҳанг - такягоҳи устувори миллат, беандоза аст. Ӯ воқеаҳои таърихиро барои имрӯзиён дарси ибрат ва ҳаёт медонад.

Ҷавонон ва тамоми қишрҳои ҷомеаро зарур аст, ки аз асарҳои ҳикматбори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат огаҳ бошанд, онҳоро амиқ мутолиа намоянд, зеро дар асарҳо аз таърихи куҳанбунёди миллати тоҷик то соҳиб гаштан ба давлати соҳибистиқлол ва рушди минбаъдаи кишвар маълумотҳои хуб манзур карда шудааст.

Дар охир ба донишҷӯён оиди ин мавзӯъ саволњо дода шуд. Донишҷӯён   фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

 Мудири кафедра н.и.т., досент  -  Мамадҷонова Г.С.

Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ ассистент  -  Ҳотамова М.Н.

05.04.2021     673

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php